Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат "Пилла"-ро ба фурӯш гузошт. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистон як ширкати азими давлатии дигарро ба фурӯш гузоштааст. Бо қарори ҳукумат ин дафъа саҳмияҳои корхонаи "Пилла"- ро мефӯрушанд, ки аз корхонаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло як килограмм пиллаи тар дар бозори ҷаҳонӣ 6 доллар арзиш дорад. Аммо ба пиллапарварон дар манотиқи Тоҷикистон барои парвариши ҳар килограмми он 5-6 сомонӣ пардохт мекунанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои фурӯши "Пилла" музоядаи байналмилалӣ баргузор мекунад ва харидорони корхона метавонанд соҳибкорони худи Тоҷикистон ва сармоядорони хориҷӣ бошанд.

Қимати ибтидоии ширкати "Пилла" тақрибан 4 миллиону 911 ҳазор сомонӣ, баробар ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

"Пилла" корхонаи азиме аст, ки кулли саноати пиллапарвариро дар Тоҷикистон зери даст дорад. Ширкат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 39 ширкатҳои зертобеъ дорад. Корхона бо тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирми пилла, кирмакпарварӣ машғул буда, ягона таъминкунандаи корхонаҳои абрешим бо маҳсулоти хом мебошад.

Се шарти ҳукумат ба харидори ширкати "Пилла"

Ҳукумати Тоҷикистон дар назди харидорони эҳтимолӣ се шарт гузоштааст. Нахуст харидор муваззаф шудааст, ки дар давоми як соли пас аз хусусӣ кардани корхона, ҳудуди 16 миллион сомонӣ қарзи онро пардохт кунанд.

Дуввум харидор ӯҳдадор мешавад, ки се соли оянда барои рушди “Пилла” ва хариди таҷҳизоти нав 35 миллион сомонӣ харҷ кунад. Саввум ширкат дар давоми се соли баъдӣ 500 бояд ҷойи корӣ таъсис бидиҳад. Як шарти дигари фурӯши корхона ин аст, ки молики нав ҳаққи ба шахси дигар фурӯхтани он ва ё дигар кардани самти фаъолияташро надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози барномаи хусусисозӣ даҳҳо корхонаҳои азими давлатиро ба фурӯш гузошт ва дар натиҷа соҳибмулкони нав таҷҳизоту фанновариҳои онро ба фурӯш гузошта фаъолияти корхонаро фалаҷ карданд. Зоҳиран ҳукумат барои ҷилавгирӣ кардан аз чунин вазъият ҳангоми фурӯши корхона чунин шартҳо гузоштааст.

Пиллапарварӣ дар Тоҷикистон: Шуғле фақат ба хотири ҳезум?​

Видео аз 4 июни соли 2013

Пиллапарварӣ дар Тоҷикистон: Шуғле фақат ба хотири ҳезум?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Истеҳсоли абрешим дар Тоҷикистон кам шудааст

Дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунадаи абрешим ба шумор мерафт. Кишвар солона беш аз 5 ҳазор тонна пилла тавлид мекард. Ҳоло ин рақам ба 2 ҳазор тонна ҳам намерасад.

Пас аз солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳа дучори рукуд шуда, корхонаи атласбофии Душанбе хусусӣ гашт ва баъдан ба хонаи фарҳангии "Эрон" табдил ёфт. Ҳоло як килограм пиллаи тар дар бозори ҷаҳонӣ 6 доллар арзиш дорад.

Аммо ба пиллапарварон дар манотиқи Тоҷикистон барои парвариши ҳар килограмми он 5-6 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар аксар маврид ҳамин ҳаққи ночизи пиллапарварон саривақт пардохт намешавад, вале мардум ба ҳезуми чӯби тут ба пиллапарварӣ машғул мешаванд.

XS
SM
MD
LG