Пайвандҳои дастрасӣ

Сенаторҳои ИМА: Кремл муҳтавои сӯҳбатро таҳриф кард


Мулоқоти вазири хориҷии Русия бо қонунгузорони ИМА

Сенаторҳои амрикоӣ, ки чанде пеш ба Маскав сафар карданд, пофишорӣ доранд, ки иттилои матбуоти Русия дар бораи мулоқоти онҳо бо вазири хориҷии Русия Сергей Лавров ва қонунгузрони ин кишвар аз ҳақиқат дур аст.

Рӯзи душанбе сенатор Ҷон Кеннеди гуфт, набояд ба Владимир Путин бовар кард, зеро ба гуфтаи ӯ "сарукор гирифтан бо Маскав мисли сарукор бо мафия аст". Ба гуфти Кеннеди, ӯ ба ишгтирокдорони мулоқоти Маскав ҳушдор додааст, ки аз дахолат ба умури инихоботи Конгресси ИМА, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, худдорӣ кунанд. Дар акси ҳол, гуфтааст Кеннедӣ, Руссия дар ростои таҳримҳои шадидтар аз пеш қарор хоҳад дошт. Кеннедӣ гуфт, ки " Русия бояд аз Шарқи Украина ва Қрим гум шавад" ва ба онҳо иҷозат диҳад, ки сарнавишташонро худашон мушаххас кунанд.

Як узви дигари ҳайъати Амрико - сенатор Ҷерри Моран гуфт, ки ҳеҷ як аз мулоқотҳои Маскав осон ва хушоянд набуд.

Изҳороти сенаторҳои ИМА посух ба танқидҳои бешумори сафари ҳайъат ба Русия аст, ки ба ҷашни Рӯзи истиқлолияти Амрико рост омад ва дар матбуот бозтоби густарда пайдо кард.

Матбуоти Амрико суханони раҳбари ҳайъат Ричард Шелбиро иқтбос овард, ки аз ҳамкории дуҷониба бо Русия пуштибонӣ кард ва изҳороти қонунгузори Русия Вячеслав Никоновро, ки мулоқот бо амрикоиҳоро "хеле осон" унвон кардааст. Сафари панҷрӯзаи гурӯҳи сенаторҳои ИМА ба Русия аввали моҳи июн ҷараён гирифт. Нозирон ин сафарро ҳамчун омодагӣ ба саммити ИМА ва Русия арзёӣ карданд, ки 16 июл дар Ҳенсинкӣ баргузор мешавад.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG