Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи Узбекистон аз зане, ки пулис таҳқир карда буд, пуштибонӣ кард. ВИДЕО


Раиси Кумитаи занон ва муовини сарвазири Узбекистон Танзила Норбоева рӯзи 8 июл ба аёдати зане рафт, ки ахиран аз тарафи кормандони пулиси шаҳри Каттақурғон боздошт ва таҳқир шуда буд. Норбоева пештар ваъда дод, ки аз ҳуқуқи занон ҳимоят хоҳад кард.

"Ӯ бо шароити зиндагии ҷабрдида аз наздик ошно шуда, ҳодисаро аз даҳони худаш шунид. Ҳоло таъмири манзили зан дар шаҳри Каттақурғон оғоз шудааст", - навиштаанд расонаҳои расмӣ.

Пештар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумак ба ин зан роҳандозӣ шуда буд. Фаъолон бо маблағи ҷамъшуда барои хонаи ҷабрдида дарвоза хариданд. Дар ин бора рӯзноманигори узбек Каримбердӣ Тухтамуродов иттилоъ дод.

Кормандони шуъбаи пулиси Каттақурғон ду зани гумонбар ба дуздиро бо таҳқиру тавҳини зиёд дар рӯбарӯи дурбин бараҳна карда, ба навор гирифтанд. Ин навор, ки 4 июл ба дасти Бахши узбекии Радиои Озодӣ расид, нишон медиҳад, зани тахминан 35-сола таҳти фишори марде либосҳои худро як ба як мекашад.

Ҳамзамон садои марди дигаре низ шунида мешавад, ки як занро бо қабеҳтарин алфоз дашном дода, маҷбур дорад, то либосҳои худро бадар кунад. Зан ҳарчанд хоҳиш мекунад, ки ин корро накунанд, вале дар посух дашномҳои қабеҳ мешунавад. Марде ба яке аз занҳо дастур медиҳад, тани урён ба кӯча барояд.

Яке аз ҳамдеҳаҳои ҷабрдида гуфта буд, зане, ки бо ӯ дар шуъбаи пулис бадрафторӣ карданд, дар як шароити хеле сангин ба сар мебарад. “Шавҳари зан чанд сол пеш аз дарди ҷигар даргузашт. Манзили зисти ӯро наметавон хона гуфт. Дар онҷо ҳатто саг зиндагӣ намекунад”, - афзуд вай.

Бино ба иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Норбоева расман ба ҳодисаи мазкур ду бор вокуниш нишон дода, ваъда додааст, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи муфаттиши шуъбаи пулиси Каттақурғон Санат Умаров аз зан ҳимоят хоҳад кард. Баъд аз нашри навори бадрафторӣ бо зан дар шуъбаи пулис зидди Умаров тафтишот оғоз ва худи ӯ ба ҳабс гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG