Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Дӯстӣ барои туркмантаборҳо мактаб месозанд


Туркмантаборони ноҳияи Дӯстӣ бо қолинбофӣ шӯҳрат доранд.
Туркмантаборони ноҳияи Дӯстӣ бо қолинбофӣ шӯҳрат доранд.

Туркмантаборони сокини ноҳияи Дӯстӣ воқеъ дар ҷанубӣ Тоҷикистон, соҳиби мактаб бо забони туркманӣ мешаванд. Сафорати Туркманистон ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки нимпайкараи адиби маъруфи туркман Махдумқулиро бунёд намояд.

Ахирин қарордоди бунёди мактаб барои туркмантаборони ин маҳал миёни ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ ва сафорати Туркманистон, ба имзо расид. Мирзосафар Сафаров, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ авохири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз қабл сафири Туркманистон дар Тоҷикистон аз ин ноҳия дидан намуда ва қарор шуд, ки рӯзҳои наздик санги бунёди мактаб гузошта шавад. Ба гуфтаи вай, мактаб дар масоҳати 3 гектар бунёд мешавад.

Дар Ҷилликул ду қабилаи туркманҳо -- “ҷой” ва “такатуркман” сукунат доранд.

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ маблағи дақиқи ҷудошуда аз сӯи сафорати Туркманистон барои бунёди ин мактабро маълум накард, вале гуфт, ки ин мактаб бо шароиту фановариҳои замонавӣ барои ҳудуди 600 хонанда дар ҷамоати деҳоти Эргашт Султонов, бунёд хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон дар расонаҳо тендери байналмилалӣ барои сохтмани як мактаб дар ноҳияи Дӯстии Тоҷикистонро эълон кардааст, ки гуфта мешавад то 27-уми июл ҷамъбаст хоҳад шуд.

Гулҷон Ортиқова, як зани 40-солаи туркмантабор аз ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз тасмими бунёди мактаби замонавӣ хушҳол шудааст ва умед дорад, ки бо бунёди мактаб, шароити фаннӣ, аз ҷумла ворид шудани китобҳо, хусусан алифбо ва адабиёти туркманӣ, беҳтар мешавад. "Хушҳол шудам, ки мактаб месозанд. Кӯдакони мо аз надоштани китобҳо бо забони туркманӣ ранҷ мекашанд, китобҳо каманд ва хело фарсуда шудаанд. Гуфтанд, ки шароит хуб хоҳад шуд",-афзуд Гулҷон Ортиқова.

Зимнан, ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ соли гузашта мушкили камбуди адабиёти туркманиро барои хонандагони туркмантабор тасдиқ карда буд. Ҷаббор Абдураҳмонов, мудири маориф ва илми ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ аз тасмими бунёди мактаб барои туркмантаборон истиқбол кард. Ӯ гуфт: "Ҳоло гуфтугӯҳо анҷом шудаанд, интизорем, ки бунёди мактаб оғоз шавад. "

Дар ноҳияи Дӯстӣ 5 мактаби дузабонаи тоҷикӣ ва туркманӣ мавҷуд аст. Як мактаб комилан ба забони туркманӣ фаъолият мекунад ва феълан 1594 хонандаи туркман ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Туркманҳо дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолтарин ақаллиятҳои Тоҷикистон ҳастанд ва дар бахшҳои муҳиме мисли соҳаи тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ кор мекунад ва бо гузашти солҳо, фарҳанг, забон, сару либос ва оини хонадориро ҳифз кардаанд. Дар Ҷилликул ду қабилаи туркманҳо “ҷой” ва “такатуркман” сукунат доранд.

Дар ҷануби Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуроди ноҳияи Ҷилликул ҳудудан 5 ҳазор туркмантаборон зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд пажӯҳиши хосе дар заминаи тарзи зиндагии аққалияти туркман дар ин деҳоти ҷануби Тоҷикистон анҷом нашудааст, вале худи онҳо мегӯянд, ки на камтар аз 300 соли охир дар ин минтақа сукунат доранд.

XS
SM
MD
LG