Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия минтақаи таҳти назари шӯришгаронро муҳосира кард


Сурия - ғалёни дуд дар шаҳри ал-Ҳарак
Сурия - ғалёни дуд дар шаҳри ал-Ҳарак

Артиши ҳукумати Сурия рӯзи душанбе анклави шӯришгаронро дар Даръо муҳосира кард. Юриши зидди президент Башор Асад соли 2011 аз ҳамин анклав оғоз шуда буд. Дар ин бора намояндаи мухолифини мусаллаҳ Абу Шаима ба Reuters хабар дод.

Ба гуфти ӯ, баъди ҳаракати нерӯҳои ҳукуматӣ ба самти пойгоҳи аслии шӯришгарон, воқеъ дар ғарби Даръо, ҳазорҳо мардуми мулкӣ дар "муҳосираи комил" қарор гирифтанд. Артиши Сурия ин ҳамларо то оғози амалишавии созиши байни шӯришгарон ва низомиёни Русия, барои хуруҷи дастаҳои мусаллаҳ, анҷом дод.

Бар пояи ин созиш, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ба даст омад, шӯришгарон ваъда доданд, ки шаҳри Даръо ва дигар манотиқи аҳолинишин дар сарҳади Урдунро бидуни ҷанг таслим мекунанд. Ҷангиёне, ки таслим намешаванд бо силоҳҳои худ ба манотиқи таҳти назорати мухолифин, воқеъ дар шимоли Сурия мегузанад. Ба гуфтаи мухолифин, созиш ҳаракати артиши Сурияро маҳдуд мекунад ва ба шӯришгарон иҷозат медиҳад, ки таҳти назорати пулиси низомии Русия дастаҳои худдифоъ таъсис диҳанд. Шаима гуфт, ки мухолиифин "ба русҳо ва режими Асад эътимод надоранд".

Ноҳияҳои шарқи Даръо, ки мухолифин аз онҳо берун мешавад, аз оғози ҷанги 7-солаи Сурия таҳти назари мухолифин буд. Чанде пеш артиши Сурия ва шариконаш бо ишғоли гузаргоҳи марзии Нассиб дар марзи Урдун, пирӯзии стратегӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG