Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“The Economist”: Туркманистон дар бонкҳои Олмон $23 миллиард дорад


Фурӯдгоҳи нави Туркманистон дар канораҳои Ишқобод
Фурӯдгоҳи нави Туркманистон дар канораҳои Ишқобод

Маҷаллаи “The Economist” мегӯяд, ки Туркманистон дар бонкҳои Олмон 23 миллиард доллар дорад.

Матлаби “The Economist” бо номи "Туркманзуэлла: Туркманистон роҳи воқеии пешгирӣ аз муҳоҷирати дастаҷамъии сокинонашро пайдо кард", ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар ва муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш ба хориҷ бахшида шудааст.

Муаллифи матлаб мегӯяд, дар бонкҳои Олмон 23 миллиард доллар вуҷуд дорад, ки ба Туркманистон тааллуқ дорад. Вале дар пойгоҳи иттилоотии Бонки ҳисобҳои байналмилалӣ, ки ин маълумот аз онҷо дастрас аст, ному насаби моликони пулҳо гуфта нашудааст.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи августи соли 2016 дар раъси як ҳайати расмӣ ба Олмон рафта буд. Ҳамчунин расонаи "Хроника Туркменистана" бо истинод ба сомонаи flightradar24.com навишт, ки ҳавопаймои ӯ моҳи июн се бор ба Олмон парвоз кардааст.

“The Economist” мегӯяд, нигаҳдории миллиардҳо доллари Туркманистон дар бонкҳои Олмон дар ҳолест, ки дар ин кишвар бесарусомонии иқтисодӣ ҳукмфармост.

XS
SM
MD
LG