Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози амрикоиро дар Афғонистон куштанд


Амалиёти ҷангӣ дар вилояти Урузгон
Амалиёти ҷангӣ дар вилояти Урузгон

Дар Афғонистон як сарбози амрикоӣ дар натиҷаи ҳамлаи ба гуфтаи нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии НАТО “дохилӣ” кушта шудааст. Ин нерӯҳо, ки дар тамрину омӯзиши сарбозони афғон кӯмак мекунанд, рӯзи 7-ум июл бо нашри баёнияе гуфтанд, ки вазъи ду сарбози дигари амрикоӣ, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил аст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Номи сарбози кушташударо то замони расонидани хабар ба наздиконаш эълон намекунанд. Маҳаллаи ҳодисаро ҳам нагуфтанд, вале хабаргузории Франс Пресс ва рӯзномаи Вашингтон Пост гуфтанд, ки ҳамла дар вилояти Урузгон сурат гирифтааст.

Толибон бо нашри баёнияе гуфтанд, ки як сарбози афғон ба тарафи сарбозони амрикоӣ дар Урузгон тир андохта ва гӯё чаҳор нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG