Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА қарори Русияро барои ҷаримаи Озодӣ маҳкум кард


Арлем Дезир
Арлем Дезир

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо қарори 100 ҳазор рубл, муодили 1600 доллар, ҷарима шудани дафтари Радиои Озодиро дар Маскав маҳкум кард.

Додгоҳи Русия ҳафтаи равон гуфт, Радиои Озодӣ қонуни матбуотро, ки бар асоси он расонаҳои хориҷӣ “маъмур ё агенти хориҷӣ” номида мешаванд, риоя накардааст.

Изҳороти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи ҷумъа нашр шудааст. Арлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, “қарори додгоҳ баёнгари он аст, ки қонун дар бораи маъмурони хориҷӣ ба кори расонаҳо зарба зада, фазои озодии баёнро дар Русия маҳдуд мекунад.”

Ҳашт моҳ пеш Вазорати адлияи Русия Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва чанд расонаи дигарро “маъмури хориҷӣ” унвон дод. Чунин унвонгузорӣ баъди он шурӯъ шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи ноябри соли гузашта зери қонуне имзо гузошт, ки ба мақомот иҷоза медиҳад, расонаҳоеро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин қонуни Русияро сахт танқид карданд.

XS
SM
MD
LG