Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷопон 7 нафарро ба дор овехтанд


Метрои Токио

Дар Ҷопон Шоко Асаҳара, раҳбари як созмони қиёматхоҳ ва 6 пайрави ӯро барои нақши онҳо дар як ҳамлаи маргбор дар метрои Ҷопон ба дор овехтанд.

Ҳукми қатл дар дохили боздоштгоҳе дар Токио иҷро шудааст. Шоко Асаҳара, раҳбари созмони Аум Шинрикё ва пайравонаш соли 1995 бо сар додани гази кушандаи сарин дар дохили метро 13 нафарро куштанд ва 6 ҳазор нафарро маҷрӯҳ карданд.

Ин бадтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи Ҷопон аст, ки кишвари амн ва камҷиноят ба ҳисоб меравад. Аъзои гурӯҳ бастаҳои пластикии гази саринро дар дохили қатор сӯрох карданд, ки инсонро дар они воҳид мекушад ва ё нобинову нафасгиру фалаҷ мекунад.

Созмони Аум Шинрикё дар ҷиноятҳои дигар ва қатли 27 нафари дигар дар дохили метрои Токио гунаҳкор дониста мешаванд. Шаш узви дигари гурӯҳ мунтазири ҳукми қатли худ ҳастанд.

Ду нафаре, ки ба дор овехта шуданд, донишмандоне будаанд, ки гази саринро омода кардаанд. Гурӯҳи Аум Шинрикё мегӯяд, дар Ҷопон ва дар Русия 30 ҳазор аъзо дорад.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG