Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бойҳо болонишинанд, чун пул доранд. Камбағалҳо чӣ?" ВИДЕО


“Камбағал, ки пул надорад, ҳурмат намекунанд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Наворро дар инҷо тамошо кунед

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки чаро афроди дорову соҳиби мақом болонишинанд:

  • “Барои он одами бойро болонишин мекунанд, ки дар ҳолатҳои мушкил дастгирашон мешавад.”
  • “Бисёре аз ҳамсояҳои мо доро ҳастанд. Вале дар маҳфил пулро рӯи дастархон, ки намемонанд. Дар давра одами боақлу бофаҳм гап мезанад. Боз ҳасад ҳам мебаранд, ки барои чӣ камбағал асту ҳама гапи ӯро гӯш мекунанд.”
  • “Аз қадим чунин омадааст. Ҳамеша одами бодавлат болонишин будааст. Ба хотири онки рӯзе ёриаш ба мардум мерасад.”
  • “Дар маъракаву идҳо ба мардум кумак мекунанд ва барои ҳамин одами бой болонишин аст.”
  • “Ин аз маърифати мардум вобаста аст. Ҳар кас бояд ҳурмати худро донад. Агар маърифати баланд дошта бошанд, ҳамсояи бой ҳамсояи камбағалашро аз худ болотар мешинонад.”
  • “Барои онки вай пул дорад. Камбағал, ки надорад, аз охир мешинонанд ва ҳурмат намекунанд.”

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG