Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтори НФС-и Қирғизистон


Дар сӯхтори як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чаҳор нафар ҷароҳат бардошт. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълон кард, ки яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон ва се тани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Сӯхтор соати 20-30-и рӯзи 4-уми июл сар зад.

Ин нуқтаи фурӯҳи сӯзишворӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст ва дар хомӯш кардани оташ мақомоти тоҷик низ ёрӣ додаанд. Маҷруҳон дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Дар натиҷаи сӯхтор 9 мошини боркашу сабукрав низ оташ гирифт. Сабабҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми декабри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG