Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Ҳасан Рӯҳонӣ ва посухи Амрико ба он


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, дар сурати монеъ шудани Амрико ба содироти нафти Эрон намегузорад, киштиҳои нафткаш аз Халиҷи Форс берун шаванд.

Зимни сафараш дар шаҳри Вена пойтахти Австрия, Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, “Яке аз онҳо гуфта буд, нагузорем, Эрон аслан нафт содир кунад. Агар нафти Эрон содир нашавад, нафти кулли минтақа содир намешавад.”

Яке аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфтааст, ки ин сипоҳ омадааст, сиёсатҳои Рӯҳониро амалӣ кунад.

Баёнияи раиси ҷумҳури Эрон ба ҳушдори Амрико буд, ки ҳафтаи гузашта аз кишварҳои ҷаҳон хост, баъди ҳукми иҷро гирифтани таҳримоти Эрон дар моҳи ноябри имсол хариди нафт аз ин кишварро бас кунанд.

Вазорати дифои Амрико дар баёнияе гуфтааст, замонат медиҳад, ки гулугоҳи Ҳурмуз, муҳимтарин роҳи киштиҳои нафткаш ба берун аз Халиҷи Форс боз мемонад.

XS
SM
MD
LG