Мақомоти Бритониё мегӯянд, ду шаҳрванди кишвар аз моддаи кимиёвии кушандае бемор шудаанд, ки моҳи март ҷосуси собиқи Русия ва духтараш аз он заҳролуд шуданд.
Нейл Бесу, фармондеҳи Идораи зиддитеррористӣ рӯзи 4-уми июл гуфт, ташхис нишон дод, ки як зани 44 ва марди 45-солаи бритониёӣ маҳз аз заҳри Новичок бемор шудаанд.
“Баъди ташхиси дақиқ мо маълум кардем, ки марду зан аз заҳри новичок олуда шудаанд ва айни заҳре, ки Юлия ва Сергей Скрипал аз он заҳролуд шудаанд” гуфт ӯ.
Ин ҷуфти беҳушро рӯзи 30-уми июн дар як маҳаллаи шаҳри Амесбури 11 километр дуртар аз маҳалле пайдо карданд, ки Сергей Скрипал ҷосуси собиқи Русия ва духтараш Юлия онҷо заҳролуд шуданд.
Бритониё Русия ба истифодаи ин заҳри ихтироъшуда дар замони шӯравӣ муттаҳам кардааст. Маскав мегӯяд, ки иддаои Бритониё ҳеҷ асос надорад.