Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко ва Вучич гуфтанд, "ихтилофотро" канор мегузоранд


Петро Порошенко ва Александр Вучич
Петро Порошенко ва Александр Вучич

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина дар талоше барои беҳбуд бахшидан ба муносибатҳо бо Сербистон, бо Александр Вучич, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.

Ҳайатҳои ду тараф баъди мулоқот дар рӯзи 3-уми июл дар Белград созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карда ва гуфтанд, умедворанд, муносибатҳо дар оянда беҳтар шаванд.

Наздикшавии Украинаву Сербистон ғайримуқаррарӣ аст, чун Сербистон яке аз шарикони асосии Русия аст, ки Украина онро ба барангехтани ноамнӣ дар қаламраваш муттаҳам мекунад.

Сербистон соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина, кишварҳои Ғарбӣ ба зидди Русия таҳрим эъмол карданд, вале Сербистон аз ин кор худдорӣ варзид. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки “довталабони” серб дар шарқи Украина дар сафи ҷудоиталабони тарафдори Русия ба зидди нерӯҳои давлатии Украина меҷанганд.

Петро Порошенко ва Александр Вучич гуфтаанд, ки ба тамоми арзии ду ҳарду кишвар эҳтиром мегузоранд ва ба якдигар барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG