Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин маҳдудияти транзити маҳсулоти Украинаро тамдид кард


Русия рӯзи 2 июл маҳдудияти транзити маҳсулот аз Украина ба Қазоқистону Қирғизистонро то шаш моҳи дигар тамдид кард. Фармони президенти Русия Владимир Путин дар ин бора дар портали иттилои ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.

Муҳлати маҳдудият, ки 30 июн ба поён расид, то 1 январи соли 2019 дубора тамдид шуд.

Русия моҳи декабри соли 2015 як қатор чораҳоеро рӯи даст гирифт, ки дар баъзе бахшҳо муносибатҳои тиҷориро бо Украина комилан манъ мекунанд. Аз ҷумла, дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил иҷрои созишномаи минтақаи озоди тиҷорӣ бо Украина қатъ шуд. Чораҳои мазкур аз 1 январи соли 2016 ба иҷро даромаданд.

Украина 2 январи худи ҳамон сол ба воридоти навъҳои зиёди маҳсулоти Русия дар ҳаҷми 1,5 то 19% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.

Москва аз 1 январи соли 2016 транзити маҳсулоти Украина ба воситаи Русия ба кишвари севумро манъ кард. Ба ҳисоби Вазорати рушди иқтисоди Украина, ҳаҷми транзит солона 1,8 миллиард долларро ташкил медод.

Киев мегӯяд, Русия транзити маҳсулоти Украинаро ба воситаи роҳҳои мошингарду оҳани худ пурра манъ кардааст, ки хилофи уҳдадориҳояш дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

XS
SM
MD
LG