Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Эрон абрдуздӣ ва барфдуздӣ мекунанд"


Генерал Ғуломризо Ҷалолӣ, яке аз фармондеҳони баландпояи низомӣ дар Эрон рӯзи душанбеи 2-юми июл иддао кардааст, ки бар асоси натиҷаҳои "як пажӯҳиши марказҳои илмӣ" тағйироти иқлимӣ дар Эрон "машкук ва бо дахолати хориҷиҳо аст". Вай таъкид кардааст, ки "тимҳои муштараке аз Исроил ва яке аз кишварҳои ҳамсоя абрҳои дар ҳоли вуруд ба Эронро ғайри борвар (бемаҳсул) мекунанд."

Ба гузориши хабаргузории эронии ИСНА, Ғуломризо Ҷалолӣ ҳамчунин бидуни зикри ном гуфт, ки бархе кишварҳо аз Эрон "абрдуздӣ ва барфдуздӣ" мекунанд. Бино ба иддаои ин мақоми низомии Эрон, дар чаҳор соли гузашта ҳама баландиҳои аз 2500 метр боло аз Афғонистон то Ховари Миёна "пур аз барф" буд, вале баландиҳои Эрон "хушк" будааст. Алиризо Ҷалолӣ ҷузъиёте дар бораи ин "марказҳои илмӣ" ва натиҷаҳои ин "пажӯҳиш", баён накардааст.

Ин суханон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои рӯбарӯ шуд ва чанд соат баъд, Аҳад Вазифа, мудири умумии пешбинии Созмони ҳавошиносии Эрон дар мусоҳиба ба хабаргузории ИЛНА гуфтааст, ки "абрдузӣ ва барфдуздӣ" аз сӯи кишварҳои дигар, мумкин нест.

Вай таъкид кард, ки Ироқ, Туркманистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ дучори хушксолӣ ҳастанд ва ин мушкил хоси Эрон нест. Оқои Вазифа ҳамчунин гуфт, ки ҳанӯз технологияе, ки битавонад ҳаворо тағйир бидиҳад, вуҷуд надорад.

Фарид Гулкор, масъули Маркази борварии абрҳо низ дар тирамоҳи соли гузашта дар мусоҳибае бо рӯзномаи машҳури "Ҳамшаҳрӣ" гузоришҳо дар бораи "абрдуздӣ"-ро овоза ва ҳангома хонда буд. Вай ҳамчунин гуфта буд, ки соли гузашта бинобар камбуди будҷа, борварии абрҳо анҷом нашуд.

Дар ҳамин ҳол, Довуд Парҳезгор, раиси Созмони ҳавошиносии Эрон дар зимистони соли гузашта гуфта буд, ки борварсозии абрҳо бӯҳрони об дар Эронро ҳал намекунад ва ҳатто мумкин аст бо чораҳои иштибоҳ ва хато, миқдори табиӣ бориши абрҳо низ коҳиш биёбад.

Борварии абрҳо аз ҷумлаи барномаҳои вазорати энержии Эрон барои афзоиши борандагиҳо дар он кишвар аст. Маркази миллии таҳқиқот ва пажӯҳишҳои борварии абрҳо дар Эрон ҳудуди 22 сол қабл таъсис шудааст.

Дар кишварҳои дигар равишҳое чун истифода аз таҷҳизоти заминӣ, истифода аз таҷҳизоти партоби замин ба ҳаво ва истифода аз ҳавопаймо барои андохтани мавод бар рӯи абрҳо вуҷуд дорад, ки дар Эрон аз ҳавопаймо барои ин кор истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG