Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон: ихтилофи назари ИМА ва Русия дар мавриди Қрим боқӣ мемонад


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ки мавзуи ишғоли ғайриқонунии Қрим аз сӯи Москва дар мулоқоти охири ӯ бо президенти Русия Владимир Путин матраҳ шуд.

Болтон, ки рӯзи 27 июн дар Москва бо Путин мулоқот кард, дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, "президент Путин бо ман дар ин мавзуъ ошкоро суҳбат кард. Ман посух додам, ки дар ин масъала мо бояд мавҷудияти ихтилофи назарро эътироф кунем".

Интизор меравад, Путин бо президенти ИМА Доналд Трамп 16 июл дар Ҳелсинкӣ мулоқоти муфассал анҷом диҳад. Трамп 29 июн ин эҳтимолро соқит накард, ки ӯ Қримро ҳудуди Русия эътироф кунад. Дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё ӯ талошҳои чандинсолаи Кохи сафед барои худдорӣ аз эътирофи Қримро сарфи назар намекунад, Трамп гуфт: "Мебинем".

Болтон таъғири мақеи Вашингтон дар робита ба Қримро аз эҳтимол дур донист.

XS
SM
MD
LG