Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ вакилони Душанберо ба ҷаласа даъват кард


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми июл дар пойтахт ҷамъ омада, масоили рушди пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми июл бо имзои як қарор, иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо даъват кардааст.

Дар қарор омадааст, ки дар ин ҷаласа, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии 15, 20 ва 53 шунида шавад.

Ҳамчунин вакилони маҷлис дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои ҳукумати шаҳр дар бораи рушди саноат, фаъолияти соҳибкорӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ гузориш мешунаванд.

XS
SM
MD
LG