Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона номзади сикҳо дар интихоботи порлумонии Афғонистон кушта шуд


Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Ҷалолобод воқеъ дар шарқи Афғонистон, ҳадди ақал 19 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониёни ин ҳамла, намояндагони ақаллияти сик ва ҳиндуи Афғонистон мебошанд.

Ҳамлаи интиҳории шоми якшанбе афродеро ҳадаф қарор дод, ки баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ аз Қасри шоҳии Ҷалолобод берун шуда буданд. Як гурӯҳ аз сикҳои афғон бо раҳбарии Автар Синг Халса дар ин мулоқот ширкат доштаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла дар маркази вилояти Нангарҳорро ба ӯҳда гирифтааст.

Дар миёни кушташудаҳо Автар Синг Халса, аз чеҳраҳои бисёр фаъоли ин ақалият дар Афғонистон, низ ҳаст. Автар Синг Халса, раиси Шӯрои сикҳо ва ҳиндуҳои афғон буд, аз тарафи онҳо барои иштирок дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи вилояти Кобул, номзад шуда буд.

Автор Синг чанде қабл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, барои хизмат ба мардум, худро номзади интихоботи порлумонӣ кардааст. Дар миёни кушташудаи ҳамлаи рӯзи гузашта дар Ҷалолобод, ҳамчунин илова бар Автар Синг, шахсиятҳои дигари маъруфи ин ақаллияти қавмӣ дар Афғонистон, аз ҷумла Раул Синг ва Иқбол Синг дида мешаванд.

Ин ҳодиса дар Ҷалолобод дар ҳоле рух дод, ки дар ин шаҳр бинобар сафари раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд. Мақомоти вазорати тандурустии Афғонистон дар вилояти Нангарҳор ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксарияти захмиҳо ва кушташудаҳои ин ҳодиса, сикҳои афғон ҳастанд.

Наҷибуллоҳ Комавол, раиси идораи тандурустии Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳодисаи Ҷалолобод мо 19 кушта ва 21 захмӣ дорем. Ҳуввияти 13 ҷасад мушаххас шуд, ки аҳли ҳунуд (ҳиндиҳои афғон) мебошанд. Ҳувияти 4 тани дигар маълум нашудааст ва фикр мекунам, ки онҳо низ бародарони аҳли ҳунуд ҳастанд. 21 тан захмӣ ҳастанд, ки 7 тани онҳо бародарони аҳли ҳунуд мебошанд. 4 тан баъд аз муолиҷа рухсат шуданд ва захмиҳои дигар зери муроқибати табибон қарор доранд. Вазъи саломатии як кӯдак ниҳоят сангин аст."

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла дар маркази вилояти Нангарҳорро ба ӯҳда гирифтааст. Ин вилояти ҳаммарз бо Покистон яке аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ба шумор меравад. Дар як ҳодисаи ҷудогона, афроди ин гурӯҳ рӯзи шанбе дар яке аз минтақаҳои ин вилоят се нафарро сар буриданд.

Сафорати Ҳинд дар Кобул бо нашрияи як изҳорот ин ҳамлаи интиҳориро маҳкум намуд. Дар сафҳаи "Твиттер"-и худ сафорати Ҳинд ба "зарурати иттиҳоди ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи терроризм" ва "посухгӯии кишварҳое, даъват кард, ки ба ҳар роҳе аз террористон ҳимоят мекунанд."

Ақалияти сик ва ҳинду дар Афғонистон мегӯянд, ки аз солҳо ба ин тараф мавриди табъиз ва хушунат қарор доранд. Шумораи афроди ин ақаллият дар солҳои 1970 ба 80 ҳазор нафар мерасид, аммо дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1000 нафари онҳо дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Гуфта мешавад, ки аксари онҳо ба кишвари аҷдодии худ Ҳинд баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG