Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири нави "Сомон эйр" аз Душанбе ба Анталия


Барои сокинони Тоҷикистон имкони истироҳат дар соҳили баҳри Миёназамин бар ивази 550 доллар барои 10 рӯз фароҳам шуд. Баъд аз зуҳри 1-уми июл нахустин парвози чартерии ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Анталияи Туркия бо 180 мусофир шурӯъ шуд. Фармоишгари ин парвоз ширкати «Transavia Express» мебошад, ки тавонистааст барои парвози нахустин 180 роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳои ин минтақаи Туркияро барои алоқамандон ба фурӯш гузорад.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, арзиши парвозу истироҳат дар меҳмонхонаи се ситорадор барои як нафар аз 550 доллари амрикоӣ оғоз шуда, шароити беҳтари истироҳат то 750 доллар афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин шакли тафреҳ "он клизив" ном дорад ва тамоми харҷҳои истироҳат бо шумули парвозҳоро фаро мегирад. Қаблан ба гуфтаи намояндаҳои ин ширкат, парвоз ва истироҳат дар Туркия барои як нафар маблағи то 1,5 ҳазор долларо тақозо мекард.

Мудири кулли ширкати ҳавоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II дар маросими муаррифии ин парвози чартерӣ дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, ки дар моҳҳои тобистони имсол қарор аст дар ҳар 10 рӯз як парвози чартерӣ дар масири Душанбе-Анталия сурат бигирад, вале "дар сурати афзоиши теъдоди хоҳишмандон миқдори парвозҳо афзоиш дода мешавад".

Дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки сарнавишти парвозҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Куриёи Ҷанубӣ чӣ гуна аст, ҷаноби Томас В. Ҳаллам гуфт, ки интизор меравад парвозҳо дар ин масир соли оянда баъд аз харидории ҳавопаймои ҷадид, ки метавонад мусофирони бештарро ба масофаи дур интиқол бидиҳад оғоз мешавад.

"Дар мавриди парвозҳо ба шаҳри Тошканд бояд бигӯям, ки музокироти мо бо ҷониби Узбекистон ҳамчунон идома дорад ва умедворем парвозҳои мо ба Тошканд барвақтар аз ба Сеул шурӯъ мешаванд", - гуфт мудири "Сомон Эйр" дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти парвозҳо ба кишвари ҳакмсояи Узбекистон.

XS
SM
MD
LG