Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар бораи Қрим ва таҳримҳо: “Хоҳем дид, ки Русия чӣ мекунад”


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Трамп дар мавриди Қрим ва таҳримҳо: “Хоҳем дид, ки Русия чӣ мекунад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, чанд рӯз пеш аз мулоқоташ бо президент Владимир Путин эҳтимоли ба расмият шинохтани Қримро ҳамчун ҳудуди Русия рад накардааст. Ӯ шоми 29-уми июн дар ҳавопаймои Air Force One дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё имкони баррасии поён додан ба мухолифати тӯлонии Вашингтон дар мавриди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия воқеяит дорад? гуфт, “Мо хоҳем дид”.

Трамп дар робита ба баррасии раъфи таҳримҳо алайҳи Русия низ ба ҳамин мазмун посух дод: “Мо хоҳем дид, ки Русия чӣ мекунад.”

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро, ки то он вақт ба Украина тааллуқ дошт, тасарруф намуд. Маъмурияти Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико, ба хотири ишғоли Қрим алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ карда буд.

Доналд Трамп гуфт, ки ҳадафи мулоқоти қарибулвуқӯяш бо Путин беҳтар кардани равобити Вашингтону Маскав аст. Интизор меравад, Трампу Путин рӯзи 16-уми июл дар шаҳри Ҳелсинкӣ, маркази Финландия, бо ҳам мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG