Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модарамро интихоб кардам" Худоҳофизии ду бозигари муҳими Эрон


Ду бозигари муҳими тими миллии Эрон дар пайи шикасташон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия ва нашри шарҳҳои тавҳиномези мухлисон б даста худоҳофизӣ карданд.

Сардор Озмун, бозигари 23-солаи тими миллии Эрон, рӯзи 29-уми июн расман эълон кард, ки байни футболу хонавода дувумиро интихоб намуд. Ӯ дар "Инстаграм" навишт, бар хилофи майли ботинӣ ва хостаи қаблиаш тасмим гирифт, ки аз тими миллӣ биравад. Сардор Озмун гуфтааст, ин тасмимаш бештар ба вазъи саломати модараш вобаста аст.

Лаҳзае аз бозии тими миллии Эрону Португалия
Лаҳзае аз бозии тими миллии Эрону Португалия

“Бо таваҷҷуҳ ба инки модарам бемории сахтеро пушти сар гузошта буд, хушҳол будам. Мутаассифона, алъон ба хотири номеҳрубонӣ ва қадрношиносии иддае ва тавҳинҳое, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳаққи ман ва ҳамдастҳоям нест, бемориаш шиддат гирифтааст. Ин масъала маро байни дуроҳаи сахте барои интихоб қарор дод, ки дар натиҷа ман модарамро интихоб кардам”, - эълон кард ӯ.

Сардор Озмун баъдтар дар як паёми дигар гуфт, “бархе гумон мекунанд, худоҳофзии ман ба далели интиқодҳои охир аст. Ман хеле қавитар аз ин ҳарфҳо ҳастам, ки бо интиқод аз тими миллии кишварам ҷудо шавам.”

Аз он пештар Ризо Қочоннажод, ҳамлагари тими миллии футболи Эрон низ гуфт, бо дастааш худоҳофизӣ кардааст.

Ризо Қочоннажод
Ризо Қочоннажод

Вай дар “Инстаграм” навишт, “дар ин ҷоми ҷаҳонӣ ва дар рӯзҳои охир суолеро пурсидаанд, ки ман ҳам мутаассифона ҷавобашро ҳанӯз намедонам. Шояд беҳтар аст, баъзе суолҳо бе ҷавоб ва баъзе дарҳо ба дохили зиндагӣ ҳамеша баста монад. Ба ин натиҷа расидам, ки дар қалбам ишқ ба тими миллӣ ҳар рӯз бештар мешавад. Аммо ақлам, шахсиятам ва ғурурам ин иҷозаро ба ман намедиҳад, ки беҳтарин пироҳани дунёро дигар ба бар кунам.”

Қочоннажод дар ҷоми ҷаҳонии имсола фурсати бозӣ наёфт ва Сардор Озмун дар ҳар се бозии тими миллии Эрон ба таври комил дар ҳайати тими миллӣ қарор дошт. Дастаи мунтахаби Эрон дар нахустин бозиаш дар гуруҳи “В” бар Марокаш пирӯз шуд, бар Испания бохт ва бо Португалия мусофӣ кард. Вале натавонист аз гуруҳ берун шавад.

Ин шикаст боис ба вокунишҳои мухталифи ҳаводорони футбол шуд. Мухлисон баъзе аз бозигаронро барои камфаъолиятӣ танқид карданд.

Тими мунтахаби Эрон дар таърихи худ панҷ дафъа дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол иштирок карда, вале натавонистааст, аз гурӯҳаш барояд.

XS
SM
MD
LG