Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: "Сарнавишти ИА ба масъалаи муҳоҷирон гиреҳ хӯрдааст"


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти серӯзаи худ дар Бруссел дар бораи масъалаи ҳассоси муҳоҷират табодули афкор менамоянд. Масъалае, ки ба гуфтаи нахуствазири Олмон, сарнавишти Иттиҳодияи Аврупо ба он гиреҳ хӯрдааст.

Дар ҳоле, ки дар моҳҳои ахир шумораи муҳоҷирон ва паноҳандагон ба Иттиҳодияи Аврупо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, аммо пирӯзиҳои пай дар пайи аҳзоб ва гурӯҳҳои зидди муҳоҷират ва ростгаро, мумкин аст ин иттиҳодияро ба тарафи сиёсатҳои сахтгиронатар бибарад.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар пайи таъсиси марказҳое дар кишварҳои монанди Алҷазоир, Миср, Либия, Марокаш, Тунис ва Нигер ҳастанд, то муҳоҷироне, ки роҳии Аврупо мешаванд, ба ин марказҳо муаррифӣ шаванд.

Итолиё, ки дар он як ҳукумати зидди Иттиҳодияи Аврупо ва муҳоҷирон ба қудрат расидааст, дигар киштиҳои муҳоҷиронро дар бандарҳои худ қабул намекунад. То ба ҳол соҳилҳои Итолиё ва Юнон аз гузаргоҳҳои асосии вуруди муҳоҷирон ба қораи Аврупо будааст. Ҷазираи Молта низ майле ба қабул кардани киштиҳои муҳоҷирон надорад.

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, ки худ аз тарафи ҳизби ҳампаймонаш зери фишор аст, рӯзи панҷшанбеи 28-уми июн пеш аз рафтан ба Бруссел ба вакилони порлумони кишвараш гуфт, "Аврупо ба чолишҳои зиёде рӯбарӯ аст, аммо чолиши муҳоҷират метавонад сарнавишти Иттиҳодияи Аврупро муъайян кунад."

Ангела Меркел ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ дар робита ба сиёсатҳои муҳоҷиратиаш, зери фишор аст. Мунтақидони нахуствазири Олмон вайро муттаҳам мекунанд, ки бо ин сиёсатҳо, амнияти Иттиҳодияи Аврупоро ба хатар андохтааст.

Ҳизби рости ифротии "Алтернатива барои Олмон" низ ҳукумати эътилофии Ангела Меркелро зери фишор қарор додааст. Ин ҳизб аз соли 2015, ки мавҷи паноҳандагон аз Сурия ва Ироқ равонаи Аврупо шуданд, тарафдорони зиёде пайдо кардааст.

Аз сӯи дигар, аҳзобе, ки бо Ангела Меркел эътилоф кардаанд, хостори бастани марзи Олмон ва Австрия ба рӯи паноҳҷӯён ҳастанд, ки боиси нигаронии мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо шудааст. Ин мақомҳо тарс аз он доранд, ки дар сурати бозгардонидани паноҳҷӯён ба Австрия, кишварҳои дигар даст ба чунин иқдоме хоҳанд зад.

Дар ҳамин ҳол, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳукумати дастиростии Австрия марзи худ бо Итолиёро ба рӯи паноҳҷӯён бибандад. Итолиё низ аз ҳоло соҳилҳои худро ба киштиҳои муҳоҷирон бастааст. Дар ҳафтае, ки гузашт, пулиси Австрия ба таври бесобиқа дар марзи Словакия размоише барои муқобила бо паноҳҷӯён баргузор кард, ки нахуствазири Словакия онро "таҳрикомез" хонд.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар пайи таъсиси марказҳое дар кишварҳои монанди Алҷазоир, Миср, Либия, Марокаш, Тунис ва Нигер ҳастанд, то муҳоҷироне, ки роҳии Аврупо мешаванд, ба ин марказҳо муаррифӣ шаванд. Аммо чунин тарҳе пурхарҷ аст ва то ба ҳол ҳеҷ яке аз кишварҳои африқоӣ аз он истиқбол накардааст.

Ангела Меркел рӯзи панҷшанбе дар ин бора гуфт, "мо метавонем дар бораи лангар андохтани киштиҳои муҳоҷирон дар дигар кишварҳо, масалан, дар шимоли Африко сӯҳбат кунем. Аммо лозим аст, ки мо бо он кишварҳо гуфтугӯ кунем."

Вай афзуд, "тавофуқи Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия аз мавридҳое аст, ки ҳар ду тараф дар бораи он назари муштарак доранд. Аз ин рӯ лозим аст, ки дар бораи ниёзҳои ин кишварҳо гуфтугӯ кунем. Мо бояд ин корро ҳамроҳ бо Оҷонсии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони байналмилалии муҳоҷират, анҷом диҳем."

Вай афзуд, "дифоъ аз марзҳои атроф, Аврупоро муттаҳид мекунад... кишварҳое, ки мизбони шумораи зиёди паноҳандагон ҳастанд, ниёз ба ҳимоят доранд. Аммо паноҳандагон ва муҳоҷирон набояд ба майли худ кишвари мавриди назари худро барои ёфтани паноҳандагӣ интихоб кунанд."

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо дар ин нишаст аз кишварҳои узв хост, ки ба таъсиси марказҳо дар берун аз Иттиҳодияи Арупо барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба ин иттиҳодия, мувофиқат кунанд. Вай ҳушдор дод, ки бо бастани марзҳои атроф ва кишварҳои узв, ҳараҷу мараҷ ва ихтилоф Иттиҳодияи Аврупоро фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG