Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ҳарими ҳавоиро ба ҳавопаймоҳои Сурия баст


Фурудгоҳи байналмилалии Тбилиси
Фурудгоҳи байналмилалии Тбилиси

Гурҷистон ҳарими ҳавоияшро барои ширкатҳои ҳавонавардии Сурия масдуд кард. Ин қарор посух ба эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии мухтори Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи Сурия буд.

Ба ин тартиб, ҳукумати Гурҷистон ду ширкати ҳавонавардии Сурияро, ки ба Русия парвоз анҷом медоданд, аз истифодаи ҳарими ҳавоияш маҳрум кард.

Ин тадбир барои Сурия дарднок буд, зеро хайтсайрро ба таври қобили мулоҳиза аз 30 дақиқа то 5 соат тӯлонӣ кард. Ба дунболи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Сурия, Гурҷистон Созмони байналмилалии авиатсияи гражданиро огоҳ кард, ки аз ин ба баъд аз хизматрасонӣ ба Syrian Air ва Sham Wings, ки ҳафтае ду дафъа ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд, даст мекашад.

Тайи як ҳафтаи jхир ҳавопамоҳои Сурия маҷбур шудаанд бо парвоз дар фарози Баҳри Хазар ва соҳилҳои Озарбойҷон, вақти бештар сарф кунанд.

XS
SM
MD
LG