Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон сафари шарҳвандони то 40-соларо ба хориҷ мамнӯъ кард


Терминали парвозҳои байналмилалии фурӯдгоҳи Ишқобод
Терминали парвозҳои байналмилалии фурӯдгоҳи Ишқобод

Туркманистон барои сафарҳои хориҷии шарвандони то 40-сола маҳдудият ҷорӣ кард. Ба иттилои Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Дашоғуз минбаъд сокиноне, ки синашон аз 40 поин аст, ҳаққи сафар ба хориҷро надоранд.

"Дашоғузиҳо рӯзи 25 июн дар Хадамоти муҳоҷирати шаҳрӣ огаҳ шуданд, ки синни маҳдудияти сафар ба хориҷ аз 30 то ба 40 боло бурда шудааст", - изҳор дошт хабарнигори радио.

Як сокини ноҳияи Сафармурод Туркманбошӣ гуфт, барои гирифтани иҷозатнома ва дарёфти раводиди сайёҳӣ ба хадамоти муҳоҷирати маҳаллӣ муроҷиат кард, вале ҷавоби рад гирифт.

"Дар шарҳи қарори нав гуфтанд, ки дигар нирӯи корӣ дар вилоят намондааст. Мегӯянд, агар ҳамаи шумо биравед, дар инҷо кӣ кор мекунад", - изҳор дошт сокини 36-солаи ноҳияи мазкур.

Миёнаҳои моҳи апрел хабар дода шуд, ки мақомоти Туркманистон мехоҳанд шаҳрвандони то 30-сола бо шумули занҳоро аз сафар ба хориҷ маҳрум кунанд.

XS
SM
MD
LG