Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовузи духтари 7-сола боиси барканории ду мудири мактаб шуд


Идораи пулиси ноҳияи Ҳисор
Идораи пулиси ноҳияи Ҳисор

Дар пайи иддаои таҷовуз шудани як духтари ҳафтсола дар ноҳияи Ҳисор ду мудири мактаб аз мақомҳояшон барканор шуданд.​ Хабари таҷовузи духтари ҳафтсола ва хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114 дар Ҳисор аввали ҳамин моҳ расонаӣ шуд. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

Маҳмадраҷаб Шоев, мудири мактаби рақами 114-и деҳаи Кончии ноҳияи Ҳисор тасдиқ кард, ки аз кор рафтааст. Ӯ рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ин ҳодиса аризаи истеъфояшро навишт.

"Баъди чунин гапҳо дар мактаб кор кардани ман маъно надорад. Дигар намехоҳам, ки кор кунам", - афзуд ӯ.

Аммо як манбаъ гуфт, ки Маҳмадраҷаб Шоев бо тасмими шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор барканор аз вазифааш рафтааст. Мусоҳиби мо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи шуъбаи маориф мавзуъ дубора матраҳ шуд. Мудири мактаби рақами 26 дар ноҳияи Ҳисор, ки С.Р. – гумонбари таҷовуз ба номуси духтари ҳафтсола – онҷо таҳсил мекунад, аз вазифа барканор шуд."

Мудири мактаби рақами 26 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор Маҳмадалӣ Ҳаётов дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, алакай аризаи рафтан аз корро навиштааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳарду раҳбари мактаб талаб кардааст, ки ба хотири саҳлангорӣ ва роҳ додан ба камбудҳо аризаи истеъфоро нависанд.

"Аризаро навиштам, аммо дар мактаб кор зиёд аст. Соли хонишро ҳанӯз пурра ҷамъбаст накардем. Мактаб калон аст ва намешавад бо як ариза тамоми чизро партофта рафт. Аз тарафи дигар гирем, ин гапу кор дар соати берун аз дарс шудааст ва ҳатто хонандаҳо сокинони деҳаи Кончӣ ҳастанд, як деҳа дур аз мактаб. Лекин ҳайронам, ки чаро дар ин миён мо қурбонӣ шудем?" - афзуд ӯ.

  • Хонаводаи духтари 7-сола дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки “Г.Ҷ.” рӯзи ҳаштуми июн аз хонаи ҳамсоя нороҳат ва афсурдаҳол баргашт. Баъди се рӯзи беморӣ муайян шудааст, ки ӯ таҷовуз шудааст.

Волидони духтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки "ҳамсояписари 14-сола Г.Ҷ.-ро бо роҳи фиреб ба дохили хонаашон бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас ба духтари ноболиғ таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе лаб кушояд, зинда намемонад. Барои ҳамин, духтар рӯзи аввал хомӯш мондааст."

Ташхиси рӯзи 11-уми июн низ муайян кардааст, ки духтар мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Худи духтар иқрор кардааст, ки баъди озору азият писарони ҳамсоя "дар гулӯяш корд монда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар ин бора ба касе лаб накушояд".

Ҳоло гумонбари таҷовуз ба номуси ин кудаки 7-сола С.Р., сокини 14-солаи Ҳисор ном бурда мешавад. Волидони С.Р. даст доштани фарзанди хонаводаро дар ин кор тасдиқ ё рад намекунанд. Онҳо фақат гуфтанд, ки талош доранд, ташхис инро дақиқ кунад.

Деҳаи Кончии ноҳияи Ҳисор
Деҳаи Кончии ноҳияи Ҳисор

Ҳоло дар баробари ин се хонавода мақомот, масъулини мактаб ва маҳалларо ҳам ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Ҷамшед Азизов, раиси маҳаллаи Кончии ноҳияи Ҳисор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарду хонавода ҳам чандон доро нестанд ва зиндагияшон асосан аз ҳисоби муҳоҷират пеш меравад.

Ин ҳодисаи пурсарусадо аҳолии деҳаро ба шӯр овардааст. Сокинони дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор мувофиқ ба амале, ки нисбат ба духтари ноболиғ анҷом додааст, ҷазо гирад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Танҳо соли 2017 дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта", яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG