Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарияти Радиои Озодӣ бо мақомоти Узбекистон


Ненад Пейич, раҳбари барномаҳо ва ноиби президенти Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ бо намояндагони мақомоти Узбекистон, аз ҷумла Комил Алламҷонов – сухангӯи раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев – мулоқот кард. Ин мулоқот рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаи ҳузур ва фаъолияти Радиои Озодӣ дар доихили Узбекистон баррасӣ шудааст.

Аз ин қабл, Комил Алламҷонов дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук гуфт, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ ва озодии расонаҳо баррасӣ шуд. Ӯ гуфт, "ин яке аз бахшҳои афзалиятноки сиёсати президенти Узбекистон аст. Кишвар аз фазои озодбаёнӣ ва таҳлилу танқиди мунсифона истиқбол мекунад."

Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон намояндагӣ надорад. Бахши узбекии Радиои Озодӣ хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG