Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Маскав хостори барқарор кардани робитаи пурра бо ИМА аст


Мулоқоти Владимир Путин бо Ҷон Болтон
Мулоқоти Владимир Путин бо Ҷон Болтон

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоти рӯзи чоршанбе бо Ҷон Болтон - мушовири амнияти милии Кохи сафед гуфт, ки "Маскав ҳеҷ гоҳ барои муқобила бо Вашингтон талош накардааст" ва пешниҳод кард, гомҳое, ки равоти ду кишварро барқарор мекунанд, баррасӣ шаванд. Тавре матбуоти Русия аз қавли Путин менависад, сафари Болтон ба Маскав умедвориеро ба вуҷуд овардааст, ки ҷонибҳо метавонанд барои барқарор кардани равобити комил қадамҳои нахустинро пиёда кунанд.

Ҷон Болтон изҳори умед кард, ки сафари ӯ ба Русия барои баррасии беҳтар шудани равобит шароит фароҳам мекунад. "Ман умедворам, ки дар ҷараёни музокирот мо тавонем эҳтимоли беҳтар шудани муносибати Русия ва Амрикоро дар самтҳое, ки мо созишҳои мушаххас дорем, баррасӣ кунем"- гуфт Болтон.

Пеш аз ин сухангӯи Кремлин ба хабарнигорон гуфт, ки Путин дар музокирот "вазъи ҳузнангези" робитаҳои дуҷонибаро дар миён мегузорад.

Нишасти мутбуоти Ҷон Болтон бо хабарнигорон ба соати 7:30-и вақти Маскав барномарезӣ шудааст. Эҳтимол дорад, ки дар ин нишаст ӯ макони баргузории мулоқоти Путин ва Трампро эълон кунад.

XS
SM
MD
LG