Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори дарёфти содатари иҷозати зист дар Русия шуд


Владимир Путин
Владимир Путин

Президент Владимир Путин ба Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати меҳнати Русия дастур дод, ки дарёфти ҳақи иқомати Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро соддатар кунанд. Бартарӣ ба онҳое дода шавад, ки забони русиро медонанду хоҳиши кору зиндагӣ дар ин кишварро доранд.

Сомонаи расмии Кремл рӯзи 26 июн дар ин бора дастур нашр кард.

"Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати меҳнату ҳифзи иҷтимоии Русия вазифадор карда шуданд, ки барои соддатар кардани дарёфти иҷозатномаи зист чораҳои заруриро андешанд", - омадааст дар иттилоия.

Муҳлати иҷрои супориш то 31 августи соли равон муқаррар шудааст. Пештар Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия изҳор дошт, ки талош доранд, тартиби дарёфти шаҳрвандии Русияро соддатар кунанд. Ба иттилои расонаҳо, ин иқдом пеш аз ҳама ба гурезаҳои Украина дахл дорад.

XS
SM
MD
LG