Дар шаҳри Қӯқанди Узбекистон наққошии зани нимбараҳнаи девори театрро ба далели мухолифаташ бо меъёрҳои исломӣ тағйир доданд. Вазорати фарҳанги Узбекистон ин амалро "вайронкорӣ" номид ва барои таҳқиқи ҳодиса комисияи махсус ташкил кард.
Ба гуфтаи санъатшинос аз Тошканд Акмал Ризоев, мақомоти шаҳри Қӯқанд гуфтаанд, ки акси нимбараҳнаи зан хилофи меъёрҳои исломӣ аст ва наққоши ношиносе онро тағйир додааст.
"Онҳо ҳамчунин ба қаҳрамони таърихӣ ба монанди сарбози шӯравӣ тоқӣ ва ҷомаи қӯқандӣ "пӯшондаанд". Як қисми аксро бо гипсокартон пинҳон кардаанд", - гуфт Ризоев.
Санъатшиноси узбек мегӯяд, акси мазкурро пеш аз сафари президенти Узбекистон ба Қӯқанд дар моҳи июни соли 2017 бо дастури раиси вақти шаҳр тағйир дода буданд. Ӯ гуфтааст, ки ин акс хилофи меъёрҳои исломӣ ва арзишҳои мардуми мост", - афзуд ӯ.
Намояндаи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, акси мазкур таҳти раҳбарии муовини раиси Қӯқанд тағйир дода шуд.
"Ин акс зери ҳимояти Вазорати фарҳанги Узбекистон қарор дорад. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ онро худсарона тағйир додаанд. Мо амали онҳоро маҳкум мекунем. Баъд аз эълони натиҷаи таҳқиқи комисия дастандаркорон ҷазо хоҳанд гирифт", - изҳор дошт ӯ.