Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА нобаробарӣ дар интихоботи Туркияро танқид кард


Ҳавзаи интихоботӣ дар Истамбул

Ҳизбҳои мухолифини Туркия дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар кишвар имкони баробари тарғиботӣ надоштанд. Ин нуктаро Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи душанбе дар гузориши натиҷагирӣ аз интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия нашр кард.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки раҳбари феълии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳизби ҳоким дар тарғиби худ, аз ҷумла дар матбуот, аз "имконоти тавҷеҳнашаванда" бархурдор буданд.

"Маҳдудиятҳое, ки мо дар робита ба озодиҳои асосӣ шоҳид будем, ба интихобот таъсир гузошт. Ман умедворам, ки Туркия ҳарчӣ зудтар ин қонуншиканиҳоро ислоҳ мекунад"- гуфт Игнасио Санчес Амор, раҳбари гурӯҳи нозирони САҲА дар интихоботи Туркия.

Дар интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, президенти феълии ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон 52,3 дар сади овозҳоро ба даст овард. Рақиби аслии Эрдуғон, намояндаи ҳизби Мардумии Ҷумҳурихоҳ Муҳаррам Инҷе 30 дар сад райъ гирифт. Инҷе гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад ва худи интихоботро "комилан ноодилона" унвон кард.

Видеоҳои охирин

Дастурхони хоксоронаи зани тоҷик дар Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG