Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Месси шикаст хӯрду пулҳои ман ба ҳаво рафт". ВИДЕО


Натиҷаҳои пешгӯинашавандаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар Русия ҷайби баъзе ҳаводоронро холӣ кардааст. Ин ҷавонон, ки дар нуқтаҳои букмекерӣ шартгузорӣ мекарданд, мегӯянд, аз натиҷаҳои сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон 2018 бисёр норозианд. Чун ба қавли онҳо, ғайриинтизор дастаҳои пурқувват яке паси дигар ба шикаст хӯрда, пешбиниҳои онҳоро ботил карданд.

Фахриддин Боқиев, як сокини 27-солаи Душанбе чор рӯз мешавад, ки дар ҳар нишасту бархост аз номуваффақияти дастаи Аргентина мегӯяд. Ӯ дар бозии дастаи Аргентина ва Хорватия 300 сомонӣ шартгузорӣ ё ба қавли худаш "ставка" карда буд.

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 рӯзи 14-уми июн шуруъ шуда, то 15 июл давом мекунад. Сабқатҳо дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия баргузор мешаванд.

Боқиев бовар дошт, ки Аргентина бо доштани ситораҳое маъруфе чун Леонил Месси, метавонад ба осони бар тими Хорватия ғалаба кунад. Аммо комилан баръакси ин пешгӯӣ Аргентина аз рақибаш 3 гол хӯрд ва ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Шикасте, ки на танҳо барои Леонил Месси, балки барои чандин ҷавонон аз ҷумла Фахриддин Боқиев зарари молӣ овард.

"Ман ба Месси ва ҳунари ӯ бовар доштам. Дар дигар бозиҳо кам маблағ мегузоштам. Аммо барои Аргентина бе ягон дудилагӣ "ставка"-и хуб мондам ва бовар доштам, ки ин даста ғалаба мекунад ва ман се баробари маблағамро ба даст меорам. Аммо командаи дӯстоштаи ман шармандавор шикаст хӯрд, ҳатто як гол зада натавонист. Ман то ҳозир намедонам, ки чаро ин тавр шуд"-гуфт ин ҳамҳбати мо.

"Вақте Олмон шикаст мехӯрад, аз дигарон чи умед"

Фахриддин Боқиев танҳо нафаре нест, ки аз натиҷаҳои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон 2018 ҳайратзада шуд. Бахусус шикасти Олмон аз Мексика, Аргентина аз Хорватия, аз бозиҳои гурӯҳи набаромадани Полша ва ғалабаи душвори Бразилия бар Коста-Рика, аз ҷумлаи таззодҳои аввали Ҷоми ҷаҳон дар Русия гуфта мешавад. Ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон мегӯянд, барояшон ғайримунтазира буд, ки дастаи Аргентина дар гурӯҳи худ мақоми ахирро касб карда, тақдири баромадан ё мондан дар гурӯҳ барояш пеш ояд.

Ҳол онки ба қавли Беҳруз Бобомуровов, аз шартгузорони фаъол дар марказҳои букмекерӣ, ин натиҷаҳо бояд баръакс мешуданд. Ба қавли Бобомуродов, бар асоси пешбинии онҳо, дастаҳои пурқувват бояд дар сабқатҳои аввали худ бозии хуб нишон дода, ғалаба ба даст меоварданд. Ғайриинтизор шудани натиҷаи сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон ба қавли ин ҳамсуҳбати мо ӯ ва чандин нафарро феълан аз шартгузорӣ боздоштааст.

"Ҷоми ҷаҳон кисаҳои мухлисонро холӣ кард"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:42 0:00

"Ман чанд маротиба аз 30 то 40 сомонӣ маблағ гузоштам, аммо пешбиниҳоям нодуруст баромаданд. Ҳозир дигар намедонам идомаи бозиҳо бо чӣ натиҷа тамом мешавад. Пешгӯӣ кардан бо ин аҳвол дигар мумкин нест, натиҷаҳо бисёр ғайриинтизоранд. Ман дигар "ставка" намондам, чун дигар фаҳмида намешавад, ки кадом даста ғалаба мекунад",-мегӯяд Беҳруз Бобомуродов.

Бобомуродов ва дигар ҳамсӯҳбатони мо дар идораҳои букмекерӣ мегӯянд, ҳатто дар бозии Португалия бо Эрон, ки шоми имрӯз баргузор мешавад, пешгӯии онки кадом даста ғолиб мешавад мушкил аст. Чун ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, мумкин аст таҷрибаи шикасти дастаҳои пурқуввате чун Олмон ва Аргентина барои тими Португалия низ такрор шавад.

"Футбол-бозие, ки ҳамаро сарҷамъ кардааст"

Натиҷаи сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон 2018 на танҳо интизори ҳаводорони футбол, балки мутахассисони соҳаро низ бароварда накард. Аз ҷумла Амин Гадоев бо таҷрибаи 9 соли кор дар ширкати букмекерӣ мегӯяд, аксари пешгӯиҳои ӯ дар Ҷоми ҷаҳон дар Русия нодуруст баромаданд.

Амин Гадоев дар шарҳи сабабҳои ғайриинтизор шудани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон мегӯяд, давоми чор соли ахир футбол дар бархе кишварҳо ба таври назаррас рушд кард. Баръакси ин ба қавли Гадоев, дастаҳои пурқуввати сайёра дар ин муддат натавонистанд барои Ҷоми ҷаҳон омодагии хуб бигиранд.

Масалан ба қавли Амин Гадоев, футболбозони тими Аргентина дар муқобили дастаи Хорватия бисёр асабонӣ бозӣ карданд ва ҳар футболбоз мехост худ тӯбро вориди дарвозаи рақиб кунад. Дар умум ба қавли Амин Гадоев, дар даҳ рӯзи аввали сабқатҳои Ҷоми ҷаҳон 2018 аксари дастаҳои пурқувват натавонистанд интизориҳои мухлисони худро бароварда созанд.

Бо вуҷуди таззодҳояш, сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия ин шабу рӯз садҳо ҳазор нафарро дар гӯшаву канори Тоҷикистон гирди ҳам овардааст. Дар аксар тарабхона ва ошхонаҳои пойтахт тариқи экранҳои калон бозиҳои Ҷоми ҷаҳон намоиш медиҳанд. Дар минтақаҳо низ сокинон дар маҳалҳои гуногун ҷамъ шуда, футбол тамошо мекунанд.

Шарҳи футбол бо забони тоҷикӣ дар ТВ-ҳои давлатӣ

Имсол бори нахуст ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон имкон пайдо карданд сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонро бо шарҳи тоҷикӣ ва сифати баланди тасвир, тамошо кунанд. Чун бар асоси як тавофуқ, ФИФА ба шабакаи “Варзиш”-и Тоҷикистон иҷоза дод бо нархи арзон сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонро дар дохили кишвар пахш кунад.

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 рӯзи 14-уми июн шуруъ шуда, то 15 июл давом мекунад. Сабқатҳо дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баргузор мешаванд.

32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 боз 53 бозӣ доир мешавад: дар сабқати гурӯҳӣ – 37 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG