Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд бидуни додгоҳ ихроҷ шаванд


Кудакони муҳоҷирони боздоштшуда дар кампи Техас.
Кудакони муҳоҷирони боздоштшуда дар кампи Техас.

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд бидуни баррасиҳои додгоҳӣ аз Амрико ихроҷ шаванд.

"ИМА наметавонад, ҳар нафареро, ки мехоҳад, ба он ворид шавад, қабул кунад. Бинобар ин, онҳо бояд хеле зуд ва бидуни баррасиҳои додгоҳӣ ба макони зисти доимияшон баргардонида шаванд", - навишт Трамп 24 июн дар Твиттер.

Ҳукумати ИМА ахиран дастури "таҳаммулгароии сатҳи сифр"-ро бекор кард, ки бар пояи он, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, фарзандони ноболиғашон аз онҳо гирифта мешуданд. Ба маълумоти Вазорати адлияи ИМА, то 20 июн беш аз 2 ҳазор кӯдаки муҳоҷир аз волидонашон ҷудо карда шуда, танҳо 522 тани онҳо баргардонида шуданд.

Фармони нави президенти ИМА иҷозат медиҳад, ки кӯдакони муҳоҷир ва волидонашон дар як марказ нигаҳдорӣ шаванд. Аммо гуфта нашудааст, ки кӯдакон ба волидонашон, дар ҷараёни баррасии парвандаҳо баргардонида мешаванд ё пеш аз ихроҷ.

Даҳ узви Палатаи намояндагони ИМА, як сенатор ва чеҳраҳои саршиноси Амрико бо талаби қатъи сиёсати "таҳаммулпазирии сатҳи сифр" гуруснанишинӣ эълон карда буданд.

XS
SM
MD
LG