Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандерзро ба хотири кор бо Трамп аз тарабхона "рондаанд"


Сара Сандерз

Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед, тасдиқ кард, ки ба хотири кор бо раиси ҷумҳур Доналд Трамп аз як тарабхонаи Вирҷиния берун карда шудааст.

Сандерз дар “Твиттер” навишт, молики тарабхона барояш боадабона гуфт, то аз ресторан хориҷ шавад ва ӯ ҳам пазируфт.

Сара Сандерз аз ҷумлаи чанд намояндаи маъмурияти Доналд Трамп аст, ки ахиран бо бархӯрди хашин дар тарабхонаҳо дучор шудаанд. Дар аввали ҳафтаи гузашта вазири умури амнияти дохилии Амрико маҷбур шуд, ки аз як ресторани мексикоӣ ғизояшро нотамом монда, берун шавад. Эътирозкунандагон дар онҷо бо нидои “шарм бод” фарёд кардаанд.

Бино ба гузориши “Ню Йорк Пост”, чанд рӯз қабл аз он Стефан Миллер, дастёри асосии Доналд Трамп дар умури муҳоҷират дар як ресторани дигари мексикоӣ бо як тан бархӯрд кард, ки ӯро “фашист” хонда буд.

Видеоҳои охирин

Каромат Шарипов: "Ихроҷи ман аз Русия одамфурӯшӣ аст!"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG