Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Нуралиев аз БАТР хост, ба Роғун сармоягузорӣ кунад


Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хостааст, ки дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун сармоягузорӣ кунад. Дархости Нуралиев дар мулоқот бо Бетси Нелсон – муовини президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе садо додааст. Муовини аввали раиси Бонки Миллӣ сохтмони Роғунро “яке аз бахшҳои афзалиятноки кишвар” номидааст.

Тайи ду моҳи охир бори дувум аст, ки Ҷамолиддин Нуралиев Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро ба сармоягузорӣ дар тарҳи Роғун даъват мекунад.

Моҳи апрели имсол ӯ ҳамин пешниҳодро бо Юрген Ригторинг, муовини дигари раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар миён гузошта буд.

Раҳбарияти Бонки Миллӣ, инчунин, аз Бонки Сармоягузории Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул даъват кардаанд, ки дар тарҳи барои Тоҷикистон муҳим саҳм бигиранд.

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун
Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун

Даъвати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои ҷалби сармояи муассисаҳои байналмилалӣ зоҳиран баёнгари он аст, ки давлат барои идомаи сохтмон маблағи кофӣ надорад ва мехоҳад, аз ин созмонҳо қарзи боимтиёз бигирад. Айни замон сохтмони Роғун аз ҳисоби пули евробондҳои Тоҷикистон идома дорад, ки кишвар ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхтааст. Аммо баҳраи ин қарзҳо калон аст ва мумкин аст, Тоҷикистон онро ба осонӣ пардохта натавонад.

Вазорати молияи Тоҷикистон низ барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети кишвар ду миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

Қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Вале фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер напоид ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ гардид.

Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило то охири имсол яке аз турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад. Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG