Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрасули 3-сола ба кумаки Шумо ниёз дорад


Муҳаммадрасул Абдуллоев
Муҳаммадрасул Абдуллоев

Муҳаммадрасул Абдуллоеви 3-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ин шабу рӯз ба кумаки ҳамватанон ниёз дорад. Наздиконаш рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Муҳаммадрасул мубталои саратони ҷигар аст.

Ҳоло ӯ дар бемористони шаҳри Маскав бистарист. Пизишкон дар Русия гуфтаанд, ки барои табобати Муҳаммадрасул Абдуллоев тақрибан дуним миллион рубли русӣ, муодили 40 ҳазор доллар зарур аст.

Сурайё Абдуллоева, яке аз пайвандони Муҳаммадрасул Абдуллоев, гуфт, ба танҳоӣ аз уҳдаи пардохти ин миқдор маблағ намебароянд. "Умеди мо ба кумаки ҳамватанон ва афроди хайрхоҳ аст. Хоҳиш мекунем, ки барои табобату наҷоти бародарзодаам ёрӣ кунанд", - гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир Бунёди хайриявии "Жизнь как чудо" дар Русия масъули ҷамъоварии маблағ барои табобати Муҳаммадрасул Абдуллоев аст. Ин созмон мегӯяд, то кунун даҳ дарсади маблағи зарурӣ барои табобат, яъне беш аз 200 ҳазор рубли русӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Ин созмон рӯйхати онҳоеро, ки то ин дам ба Муҳаммадрасул ёрӣ кардаанд, нашр намудааст. Аммо хонаводаи Муҳаммадрасул Абдуллоев мегӯянд, ба хотири суиистифода нашудан аз нашри хулосаи пизишкон ва асноди бемористон худдорӣ меварзанд. Нусхаи санадҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шудааст.

Агар Шумо ҳам нияти кумак ба ин тифлро доред, лутфан, ба инҷо ворид шавед.

XS
SM
MD
LG