Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нави Трамп -- фарзанди муҳоҷирон аз волидонашон ҷудо карда намешаванд


Раиси ҷумҳури Амрико пас аз он, ки бинобар сиёсати ҷанҷолиаш дар бораи ҷудо кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз фарзандонашон, ба интиқодҳо дар дохил ва дар хориҷ рӯбарӯ шуд, дар он таҷдиди назар кард.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми июн дастуреро барои ҳалли мушкили хонаводаҳои муҳоҷир, ки дар марзҳои ҷанубии кишвар аз ҳам ҷудо мешаванд, имзо кард. Сиёсати нави муҳоҷиратии Амрико, ки кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирро аз волидонашон ҷудо мекунад, хашми бисёреро дар Амрико ва хориҷ аз он барангехтааст. Доналд Трамп қаблан демократҳоро сабаби ҷудоии хонаводаҳои муҳоҷир муаррифӣ карда буд.

Шабакаи телевизионии Fox New қаблан гузориш дода буд, ки ҳукумати Доналд Трамп дар ҳоли баррасии як дастури амалӣ аст, ки ба хонаводаҳои муҳоҷирон, ки ба таври ғайриқонунӣ аз марз убур кардаанд, иҷозат медиҳад то бештар аз вақте, ки иҷоза доранд, назди ҳам бимонанд.

Интишори саҳнаҳои дилхарош аз садои гиряи кӯдаконе, ки аз падару модари онҳо ҷудо мешаванд, мухолифати сахтеро бо сиёсатҳои Доналд Трамп дар бархӯрд бо муҳоҷирон барангехтааст. Гурӯҳҳои мухталифи мардуми Амрико аз рӯҳониён гирифт то мудирони баландпояи тиҷоратӣ, ба ин иқдомҳои Трамп вокуниш нишон доданд. Оқои Трамп пеш аз имзои фармони рӯзи чаҳоршанбеи худ ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфта буд, ки умедвор аст иқдоми вай бо тарҳе, ки қарор аст дар Конгресс дар бораи он раъйдиҳӣ сурат бигирад, созгор бошад.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ин маҷлис рӯзи панҷшанбе дар мавриди тарҳе барои поён додан ба сиёсатҳои ҷудо кардани кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир, ки ба таври ғайриқонунӣ аз Мексика вориди Амрико мешаванд, раъйгирӣ хоҳад кард. То ба ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ интишор нашудааст.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе дар ҷаласае бо гурӯҳе аз аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресс ваъда дод, аз ҳар қонуне, ки қабул шавад, ҳимоят хоҳад кард. Пол Райан, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико мегӯяд, тибқи ин лоиҳа волидоне, ки бидуни иҷоза вориди Амрико шудаанд, аз фарзандонашон ҷудо нахоҳанд шуд ва ба ҷои тамоми аъзои хонавода дар муддате, ки раванди қонунӣ алайҳи онҳо ба иҷро гузошта мешавад, зери назорати Идораи амнияти миллӣ хоҳанд буд.

Вай афзуд, будҷаи иловагӣ ба Идораи амнияти миллӣ ҷудо хоҳад шуд, то барои нигаҳдорӣ аз хонаводаҳо дар ин давра, имконоти лозимро дошта бошад. "Хулосаи калом ин аст, ки мо бо ҳадафи ҳифзи аъзои хонавода дар канори якдигар ва дар айни ҳол иҷрои қонунҳои муҳоҷират, иқдом хоҳем кард."

Пештар хабаргузории "Рейтерз" аз қавли ду манбаъ дар Идораи амнияти миллии Амрико гузориш дода буд, ки раиси ин ниҳод дар ҳоли танзим кардани тарҳе барои имзои он тавассути Доналд Трамп аст, ки тибқи он, аз ин пас ҳама аъзои хонаводаҳои муҳоҷире, ки ғайриқонунӣ вориди хоки Амрико мешаванд, дар марказҳои боздоштии махсус, нигаҳдорӣ шаванд.

Доналд Трамп субҳи чаҳоршанбе дар паёме дар "Твиттер"-и худ навишт, "машғули кор дар мавриди чизе ҳастам". Ӯ афзуд, "ин тақсири демократҳо аст. Онҳо барои қабули қонунҳои муҳоҷиратии хуб, ба мо раъй намедиҳанд. Онҳо хоҳони марзҳои боз ҳастанд, ки сабаби густариши ҷиноятҳои ҳавлнок мешавад. Ҷумҳурихоҳон амният мехоҳанд, вале машғули кор дар мавриди чизе ҳастам."

Як назарсанҷӣ, ки ахирин хабаргузории "Рейтерз" анҷом дод, нишон медиҳад, ки аз ҳар се амрикоии калонсол, танҳо як нафар аз сиёсатҳои муҳоҷиратии ҳукумати Доналд Трамп пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG