Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Македония тағйири ном кард ва ба баҳсаш бо Юнон хотима дод. ВИДЕО


Порлумони Македония созишнома бо Юнонро дар заминаи тағйири номи ин ҷумҳурии Югославияи собиқ ба тасвиб расонд. Дар ҷараёни ҷаласаи порлумонӣ ҳизби аслии мухолифон ин ҷаласаро бойкот кард. Дар натиҷа, созишномаи тағйири ном бо 69 раъйи мувофиқ ва ҳеҷ раъйи мухолиф қабул шуд ва исми кишвар ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ тағйири ном кард. Барои овоздиҳӣ кофист, ки 61 вакил раъйи мусбат диҳад.

Баҳси сари номи Македония соли 1991 бархост, вақте Югославия пош хӯрду Македония истиқлолияти худро эълон кард.

Дар остонаи овоздиҳӣ, нахуствазир Зоран Заев аз ин санад ҳамчун як "созиши таърихӣ" ҳимоят кард ва гуфт, ки натиҷаи он ҳадди аксар мувофиқ барои ҳарду ҷониби вориди баҳс мебошад. "Мо ба касе чизеро гузашт накардем",- гуфт Заев ба ҳимоят аз созиши имзошуда бо Юнон.

Дар ҳоле, ки порлумон рӯзи 19-уми июн ба баррасии созиш шурӯъ кард, садҳо эътирозгарон дар беруни сохтмони порлумон алайҳи тасвиби ин созишнома эътироз мекарданд. Созишномаи тағйири ном кардани Македония, ки рӯзи 17-уми июн аз ҷониби вазирони хориҷаи ду кишвар ҳам имзо шуд, ба баҳси 27-солаи миёни Скопйе ва Афина нуқта гузошт. Ин тасмим роҳи Македонияро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамвор мекунад.

Дар Македония эътирозҳои зидди тағйири ном кардани кишвар идома доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Вале президент Гиорге Иванов таҳдид кард, ки ҳатто агар ин санад аз ҷониби парлумони Македония қабул шавад, ӯ созишномаро вето хоҳад кард. Дар ин сурат порлумон бояд бори дигар созишномаро ба овоздиҳӣ гузорад ва дар сурати бори дигар пуштибонӣ шудани санад аз ҷониби аксарияти маҷлис, Иванов дигар онро масдуд карда наметавонад. Рӯзи 20-уми июн Иванов таҳдиди худро такрор кард ва гуфт, ки мавқеашро дар робита бо "созиши харобкорона" тағйир надодааст.

Баҳси сари номи Македония соли 1991 бархост, вақте Югославия пош хӯрду Македония истиқлолияти худро эълон кард. Ин кишвар гуфт, ки номаш Ҷумҳурии Македония мешавад. Юнон бо ин ном мухолифат кард ва гуфт, ки кишвари ҳамноми як вилояти таърихӣ рӯзе метавонад бо Юнон барои соҳибӣ ба қаламрав баҳс кунад.

Чаро Македония ба Македонияи Шимолӣ тағйири ном мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Бо сабаби ихтилофҳои Юнон, Македония розӣ шуд, ки исми пешниҳодкардаи СММ-ро бипазирад ва Ҷумҳурии Югославияи собиқи Македония номгузорӣ шавад. Дар баробари Юнон, ба хотири вуҷуди баҳси ном, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳам баъдан мухолифи ба узвияти худ пазируфтани ин кишвар шуданд.

XS
SM
MD
LG