Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналдо ҳисоби бозии Португалия-Марокашро боз кард


Дар дақиқаи чоруми қувваозмоии Марокаш ва Португалия Криштиану Роналдо тӯбро ба ҳадаф расонд. Ин голи чорум Роналдо дар Ҷоми ҷаҳони футбол аст, ки дар Русия ҷараён дорад.

Дар бозии аввал бо мунтахаби Испания Португалия бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод. Дар он бозӣ ҳам Роналдо ҳарсе тӯби мунтахабро худаш ба ҳадаф расонда буд.

Имрӯз ду дастаи дигари гурӯҳи "В" - Эрон ва Испания байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Баъди даври аввал Эрон бо се имтиёз дар гурӯҳи "В" ҷои аввалро ишғол мекунад. Испания ва Португалия бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дуввуму севум ва Марокаш бидуни имтиёз дар ҷои чорум аст.

XS
SM
MD
LG