Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сафари ҳавоӣ” барандаи Ҷоизаи махсуси ҳакамон дар ҷашнвораи СҲШ шуд


Филми мазҳакавии тоҷикии “Сафари ҳавоӣ” дар нахустин фестивали кино дар давлати Чин «Ҷоизаи махсуси ҳакамон»-ро соҳиб шуд. Ҷашнвораи синамои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷиндаои Чин баргузор гардид.

Фестивал дар 8 давр гузашта, дар он 55 филми беҳтарин аз 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари нозир намоиш дода шуданд. “Сафари ҳавоӣ” моҳи сентябри соли 2015 дар “Киношок” – яке аз мӯътабартарин ҷашнвораи синамои Русия дар Сочи низ ширкат карда буд. Аз Тоҷикистон дар ин ҷашнвора филмҳои «Оинаи беҷило» ва «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Хоби маймун» Румӣ Шоазимов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов пешниҳод шуда буд.

Акмал Ҳасанов продюсери ин филм 20-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, расми тақдими ин ҷоиза рӯзи 17 июн дар маросими пӯшидашавии ҷашнвора дар шаҳри Ҷиндао барпо шуд. Акмал гуфт, онҳо қаблан ҳам «Сафари ҳавоӣ» дар як ҷашнворае дар Чин пешниҳод шуда буд.

«Сафари ҳавоӣ» -маҳсули коргардон Далер Раҳматов ва продюсер Акмал Ҳасанов, достони ҷолиби як ҷавони фаронсавист, ки кӯраи ҳавоияш дар як русто дар кӯҳистони Тоҷикистон пойин мешавад. Иттифоқан дар ин русто ҷавони ҳамсол ва зоҳиран шабеҳи ӯ бо номи Сафар ба сар мебарад ва аҳли русто гумон мекунанд, ки ин фаронсавӣ дар асл ҳамон Сафар аст, вале ба кадом иллате забони тоҷикиро фаромӯш кардааст ва хешу ақрабо, ҳатто модарашро ҳам намешиносад.

Қаҳрамони дигари филм як чиноист, ки баъди 5 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ба тоҷикӣ хеле роҳат сӯҳбат мекунад. Нақши асосиро дар “Сафари ҳавоӣ” Асад Голубев бозӣ кардааст. Асад Голубев 28 сол дошта, дар Душанбе ба сар мебарад. Ӯ ҳунарпешаи касбӣ нест, балки дар як ширкати реклама кор мекунад.

Муаллифон мегуянд “Сафари ҳавоӣ” филмест, ки “онро бо камоли майл ва бидуни ягон шарму изо метавон дар ҳар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун маҳсули ҳунарии Тоҷикистон намоиш дод.” Муаллифони ин филм мегӯянд, то имрӯз даҳҳо ҷоизаро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG