Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба музокироти Тошканд бо Толибон. САДО


Мақомоти Узбекистон аз музокирот бо намояндагони баландпояи гурӯҳи Толибон хабар доданд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 18-уми июн хабар дод, ки музокирот ҷузъе аз раванди сулҳи Афғонистон мебошад ва Тошканд метавонад шароити гуфтугӯҳоро бо ҷонибҳои дахлдор дар ин кишвари ҷангзада таъмин кунад.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Намедонем, онҳо бо намояндагони Толибон дар Қатар дар тамос ҳастанд ваё мустақим бо Шӯрои Кветта, ки аз тарафи Мулло Ҳайбатулло раҳбарӣ мешавад,

Узбекистон бо Толибон музокироти мустақим доштааст

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон дар мавриди замон ва маҳалли баргузории ин гуфтугӯ чизи дақиқе гуфта нашудааст. Дар идома омадааст, Узбекистон омодааст барои музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳар талоши мумкинро ба харҷ диҳад. Узбекистон, инчунин, тасдиқ кардааст, ки дар пайи нишасти рӯзи 27-уми марти имсол Тошканд бо намояндагони Амрико, Чин, Русия, Гурӯҳи ҷаҳонии тамос, кишварҳои Ҷануби Осиё ва Шарқи Миёна ба хотири талошҳои сулҳи Афғонистон, дар тамос будааст.

  • Ҳукумати Узбекистон дар баёнияи худ аз оташбаси муваққат дар Афғонистон ва тамдиди он аз сӯи раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам истиқбол кардааст.
Толибони Афғонистон
Толибони Афғонистон

Аммо тафсилоти аз ин бештар дастрас нест. Ҳошим Мӯҳманд, мудири Радиои Афғонистони Озод, рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои коршиносони соҳа дар ин кишвар низ ҷузъиёти музокирот маълум нест.

"Мирзиёев хостори рушди Афғонистон аст"

Ӯ гуфт, “мо намедонем, онҳо бо намояндагони Толибон дар Қатар дар тамос ҳастанд ваё мустақим бо Шӯрои Кветта, ки аз тарафи Мулло Ҳайбатулло раҳбарӣ мешавад, тамос барқарор кардаанд. Ба ҳар сурат, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки хоҳони равобити хуб бо кишварҳои ҳамсоя аст, хостори рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон аст, ки сулҳ шарти муҳими ин пешравӣ мебошад”.

Мақомот дар Узбекистон ин мавзӯъро шарҳ намедиҳанд, вале дар ҳамсоякишвараш Тоҷикистон музокироти сулҳи Тошканд бо Толибон бо вокунишҳои мусбат рӯ ба рӯ шудааст.

Абдураҳим Қаҳҳоров
Абдураҳим Қаҳҳоров

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд аз ҷузъиёти гуфтушинидҳо огоҳ нест, ин хабар хушҳолкунанда аст. Зеро, ба эътиқоди вай, ҳалли масоили асосии минтақа ин таъмини субот дар Афғонистон мебошад. Қаҳҳоров афзуд, “ба ман то ба ҳол аз ҷузъиёти ин музокирот хабар нарасидааст. Аммо ҳар иқдоме, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон гирифта мешавад, боис ба дастгирӣ аст. Ин ба фоидаи тамоми минтақа мебошад.”

"Тоҷикистон аз даъвати Тошканд ҳимоят мекунад"

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии порлумони Тоҷикистон, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, оғози музокироти Тошканд ва Толибон идомаи мантиқии баргузории ҳамоиши сулҳи Афғонистон дар пойтахти Узбекистон мебошад. Ба гуфтаи вай, ин ҳамоиш бо ширкати намояндаҳои кишварҳои мухталиф ва мақомоти Афғонистону фармондеҳои ҷунбиши “Толибон” моҳи гузашта дар Тошканд баргузор шуда буд. Олимҷон Салимзода афзуд, даъват ба сулҳи ҷонибҳо як амри хайр аст.

Олимҷон Салимзода
Олимҷон Салимзода

“Тоҷикистон аз ин даъвати Тошканд барои музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад. Агар, воқеан, Толибон сари мизи музокирот нишаста, якҷо бо мақомоти Афғонистон роҳи сулҳу суботро пеша кунад, натиҷааш на танҳо барои Узбекистон, балки барои тамоми минтақа фоидаовар хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

"Узбекистон мақоми садорат дар минтақаро ба худ гирифтааст"

Тошканд дар ҳоле аз баргузории музокироти мустақим бо Толибон хабар медиҳад, ки дар гузашта сӯҳбатҳо аз эҳтимоли вориди чунин гуфтугӯҳо будани Русия аз ҷониби мақомоти Маскав рад шудааст. Гурӯҳи Толибон, ки зидди ҳукумати қонунии Афғонистон ва ҳам нирӯҳои хориҷӣ меҷангад, соли 2001, баъди шурӯи амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Кобул аз қудрат ронда шуд.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Онҳо аз соли 1996 то 2001 бо шеваи сахту бераҳмонае ҳукуматро дар Афғонистон раҳбарӣ карда, ваҳшитарин қонунҳоро нисбат ба аъзои ҷомеа ҷорӣ карданд. Дар давоми 17 соли охир талошҳо барои комилан нобуд ва аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани онҳо дар Афғонистон ноком шудааст. Ҳоло мақомот дар Кобул хостори истиқрори оташбасу шурӯи музокироти мустақими сулҳ бо Толибон ҳастанд. Даъвате, ки то ҳол аз ҷониби гурӯҳи шӯришӣ пазируфта нашудааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсии тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин иқдоми Тошканд шояд нахустин вокуниши воқеъбинонаи мақомоти узбек дар қиболи ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя дар солҳои ахир бошад. Зеро дар гузашта раҳбарияти Узбекистон гирифтори ақидаҳои дунёгароӣ ва демократӣ буданд ва имкони музокирот бо Толибонро комилан қабул надоштанд.

Фикр мекунам, паси Тошканд дар ин амр кишварҳои абарқудрати пасошӯравӣ истодаанд. Субот дар Афғонистон барои ҳамаи кишварҳо муҳим аст
Рашид Ғанӣ Абдулло

Ин коршиноси тоҷик бовар дорад, ки имкони истиқрори субот дар Афғонистон бе ризоияти ҷунбиши Толибон аслан ғайримумкин шудааст.

Ӯ афзуд, "Узбекистон феълан мақоми садорат дар минтақаро ба худ ихтисос додааст. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов Узбекистон зарфияти бузурги иқтисодиро соҳиб шуда, ҳамакнун мехоҳад ба содироти дастовардҳои иқтисодиаш роҳ кушояд. Аз ҷумла, ба Афғонистону Покистон. Тошканд мехоҳад, ба ин кишварҳои лӯлаҳои интиқоли гази табияшро бикашад. Аммо иҷрои ин ҳадаф бидуни ба ҳам омадани ҷонибҳои даргир дар Афғонистон имконпазир нест. Узбекистон дар амри даъват ба сулҳи ҷонибҳои даргири Афғонистон танҳо нест. Фикр мекунам, паси Тошканд дар ин амр кишварҳои абарқудрати пасошӯравӣ истодаанд, зеро субот дар Афғонистон барои ҳамаи ин кишварҳо бештар зарур аст."

Чанд "агар"

Вале Илҳом Назриев, хабарнигори тоҷик, ки мавзӯи Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад, гуфт, ҷунбиши “Толибон” нерӯи муттаҳид нест ва даъвати Тошканд барои музокироти сулҳ ба чанд “агар”-ҳо марбут мебошад. Ба эътиқоди вай, наздик омадани нерӯҳое ба мисли ДИИШ ба марзҳои Тоҷикистону Узбекистон метавонад яке аз сабабҳои аслии даъвати Тошканд ба сулҳ дар Афғонистон бошад.

Нооромӣ дар Афғонистон аз солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф идома дорад ва расидан ба сулҳ дар ин кишвар кори як ё ду-се соли оянда нест. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат барои афғонҳо муаррифӣ кунанд, аммо шароити ҷанг дар ду кишвар тафовутҳои зиёде дорад, ки барои ҳалли он вақти тӯлонӣ ва ҳимояти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон зарур аст.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди одамони мулкӣ дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG