Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанторо Сотиболдиев, собиқ нахуствазири Қирғизистон боздошт шуд


Дар Қирғизистон мақомоти амниятӣ Ҷанторо Сотиболдиев, собиқ нахуствазири ин кишварро бо эҳтимоли фасод боздошт карданд.

Дар ин бора шоми 18 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод. Сотиболдиевро дар чаҳорчӯби таҳқиқоти марбут ба коррупсия дар навсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек боздошт карданд. Ӯро аз рӯи моддаҳои “ширкат дар ҷиноят” ва “коррупсия” боздошт карданд. Сотиболдиевро дар боздоштгоҳи КДАМ ҷой карданд. Оғози моҳи июн дигар нахуствазири собиқ Сафар Исҳоқов ҳам аз рӯи айни ҳамин парванда боздошт ва ба боздоштгоҳи КДАМ интиқол дода шуд.

Сотиболдиев солҳои 2012-2014 нахуствазири Қирғизистон буд. Навсозии кори маркази гармидиҳӣ апрели соли 2014 шурӯъ шуда, августи соли 2017 анҷом ёфт. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки 386 миллион доллар маблағи ба ин пружа масрафшуда аз як бонки чинӣ қарз гирифта шуд ва корро ҳам ширкати чинии TBEA анҷом медод. 26 январи соли ҷорӣ дар маркази гармидиҳӣ як садама рух дод ва дар натиҷа, манзилҳои истиқомативу сохторҳои иҷтимоӣ дар сардии 30-дараҷагӣ бидуни гармӣ монданд.

Ду комиссиюни ташкилшуда дар ҳукумат ва парлумон ба хулосае омад, ки “омодагии раҳбарони бахши энергетикӣ ба зимистон заъиф буду саҳлангорӣ роҳ дода шуд”. Аз рӯи парвандаи бозшуда дар додситонии кулл чанд раҳбари бахши энергетика боздошт шуданд. Комиссиюни вакилони парлумонӣ хост, ки ба кори раҳбарони имзогузошта ба санадҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Дар ин феҳраст исми 30 вазиру раҳбарони ҳукуматҳо зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG