Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи конфронси об дар Душанбе анҷумани кӯдакон баргузор мешавад


Дар Душанбе рӯзҳои 20-22 июн Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор: 2018-2028” баргузор мешавад, ки барои ширкат дар он мақомҳои баландпояи хориҷӣ даъват шудаанд.

Рӯзи 18 июн дар Душанбе як ширкатдори ин ҳамоиш - Пебер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳдияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ба навиштаи ВКХ, дар ҷараёни ин мулоқот сӯҳбат аз вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақавии Тоҷикистону Аврупо рафтааст.

Қарор аст рӯзи 20 июн ба Душанбе раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло сафар кунанд.

Як рӯз пеш аз шурӯи нишаст қарор аст рӯзи 19 июн дар Душанбе «Анҷумани кӯдакон дар масоили об» баргузор шавад, ки сарпарастии онро UNICEF ба ӯҳда дорад. Ҳадафи ин нишаст ба масоили доғи норасоии об ва дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ ҷалб кардани кӯдакону наврасон мебошад.

XS
SM
MD
LG