Паёми тасллияти чеҳраҳои саршинос пас аз чил рӯзи даргузашти Мӯъмин Қаноат, шоири шинохтаи тоҷик, бо номи “Ба дида нақши рӯи ту” ба нашр расид.
Беҳрӯз Забеҳулло, як тан аз мураттибони ин китоб рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин китоб паёми таслияти президенти кишвар, мақомоти олирутба ва шахсиятҳои барҷастаи кишварҳои форсизабон ва ИДМ, сӯгномаҳои шоирони тоҷик дар фироқи устод ва назари донишмандони ҷаҳон дар бораи шеъру шахсияти равоншод Муъмин Қаноат гирдоварӣ шудаанд”.
Ин китоб дар ҳаҷми беш аз сад саҳифа дар нашриёти “ЭРграф” мунташир шудааст. Мӯъмин Қанот рӯзи 18 май дар шаҳри Душанбе даргузашт ва як рӯз баъд дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, "Мавҷҳои Днепр", “Тоҷикистон – исми ман”, “ГаҳвораиСино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешавад.