Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Анҷелина Ҷолӣ аз урдугоҳи гурезаҳои Сурия дар Ироқ


Фиристодаи махсуси оҷонси СММ дар умури гурезаҳо Анҷелина Ҷолӣ рӯзи якшанбе аз урдугоҳи гурезаҳои Сурия дар шимоли Ироқ боздид кард. Ба иттилои хабаргузории Рейтер, ин ҳунарманди Ҳолливуд талош кард, онҳоеро дастгирӣ кунад, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд.

Ҷолӣ аз лагери Доминӣ боздид кард, ки дар он 33 ҳазор гурезаи Сурия зиндагӣ мекунанд. Ӯ субҳи якшанбе вориди лагер шуда, бо хонаводаи гурезаҳо мулоқот кард.

Вай пештар аз шаҳри Мавсили Ироқ низ боздид карда буд. Мавсилро тундравон тайи се сол идора карда, пойтахти худ эълом карда буданд. Вале нирӯҳои Ироқ баъдан онро бозпас гирифтанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо 900 ҳазор одам ҷон бохтанд.

Зиндагии осоишта феълан ба бештари минтақаҳои Мавсил баргашта, бархе аз сокинони маҳаллӣ низ аз лагерҳо ба хонаҳои худ рафтаанд. Аз ҳама бештар Шаҳри қадимӣ, ки дар Мавсили Ғарбӣ ҷойгир аст, хароб шудааст. Дар он нирӯҳои ҳукумати Ироқ зидди тундравон ҷангиданд.

Ҷолӣ гуфт, дар ҷараёни сафараш ба ин минтақа харобиҳоеро дид, ки тайи фаъолияти худ дар оҷонс надида буд. "Мардум ҳама чизи худро аз даст додаанд. Онҳо бенавоянд. Бештарашон ҳатто оддитарин шароитро надоранд. Умедворам, корҳои барқарорсозӣ дар шаҳр идома меёбанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, ки Мавсилро фаромӯш накунанд", - гуфт ӯ.

Ҷолӣ дар оҷонси СММ дар умури гурезаҳо аз соли 2001 кор карда, то ҳол ба назди сокинони ҷангзадаи Ироқ, Камбоҷа ва Кения рафтааст. Ин сафари панҷуми ӯ ба Ироқ буд.

XS
SM
MD
LG