Манобеи расмӣ дар Эрон хабар доданд, ки Муҳаммад Салос, яке аз пайравони силсилаи сӯфия ё "дарвешони гунободӣ", эъдом шудааст. Хабаргузории "Мизон", ки ба Додгоҳи олии Эрон тааллуқ дорад, иттилоъ дод, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Муҳаммад Салос субҳи душанбеи 18-уми июн, амалӣ шудааст. Муҳаммад Салос ба қатли се корманди пулис муттаҳам мешуд.
Эълони ҳукми додгоҳ дар нисбати Муҳаммад Салос дар ҳоле аст, ки Созмони Афви байналмилал аз мақомҳои эронӣ хоста буд, ки раванди эъдоми ин "дарвеши гунободӣ" ва ҳукми содиршуда дар нисбати ӯро, мутаваққиф кунад.
Дар баёнияи Созмони Афви байналмилал, ки шоми якшанбеи 17-уми июн нашр шуд, бо ишора ба тамоси рӯзи шанбеи масъулони зиндон бо хонаводаи Муҳаммад Салос барои мулоқоти охирин бо ин дарвеши гунободӣ, нисбат ба эҳтимол эъдоми ӯ дар соатҳо ва ё рӯзҳои наздик ибрози нигаронӣ шуда буд. Ин созмон аз мақомоти Эрон хоста буд, ки дар пайванд ба ин парванда тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ амал намояд.
Пештар Зайнаб Тоҳирӣ, яке аз вакилони дифои Муҳаммад Салос гуфта буд, ки ҳукми қатл дар нисбати зерҳимояш рӯзи душанбе амалӣ мешавад. Дар сафҳаҳои "Твиттер" ва "Телеграм"-и хонум Зайнаб Тоҳирӣ ҳамчунин эълом шуда буд, ки ӯ далелҳои ғайри қобили инкор ва далолаткунанда бар бегуноҳии ин дарвеши гунободӣ дар ихтиёр дорад ва хостори дахолати раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ба ин парванда шудааст.
Хонум Тоҳири рӯзи якшанбеи 17-уми июн дар сафҳаи "Твиттер"-и худ хитоб ба додситони Теҳрон навишт, ки "ман бо собиқаи солҳо вакилӣ замонат медиҳам, ки ӯ бегуноҳ аст ва далелҳои инкорнашаванда дорам, ки ӯ гуноҳе надорад. Далели ин аҷала ва зулм чист?". Вай изофа кард, ки додситонӣ метавонад вайро низ бинобар "дифоъ аз як бегуноҳ", боздошт кунад, зеро вай наметавонад "шарофат"-и худро бифурӯшад.
Муҳаммад Салос, ки ронанда мебошад, ба он муттаҳам мешавад, ки дар ҷараёни эътирозҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар хиёбони Посдорони инқилоб дар Теҳрон, автобуси худро ба тарафи кормандони пулис ронд ва се тани онҳоро ба ҳалокат расонд. Даҳҳо нафар аз тарафдорони дарвешҳо маҷрӯҳ ва садҳо тани дигари онҳо боздошт шуданд. Шуморе аз дастгиршудаҳо ҳанӯз дар боздошт ҳастанд ва иддае аз онҳо муҳокима ва ба ҳабс маҳкум шудаанд.
Ин роҳпаймоӣ рӯзи душанбеи 19-уми феврал дар эътироз ба боздошти Неъматуллоҳ Райёҳӣ, аз сарони дарвешҳои гунободӣ, ки аз сӯи пулиси амнияти Теҳрон боздошт шуда буд, баргузор шуд. Неъматуллоҳ Райёҳии 70-сола, сокинин Шаҳркурд аст ва бар асоси бархе гузоришҳо, "дар пайи ҷобаҷо шудани басеҷиҳо ва нерӯҳои амниятӣ дар атрофи маҳали зиндагии дарвешҳо", ба Теҳрон сафар карда буд.
Фаъолони дарвешҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва вейсайтҳои маҷзубони "Нур", ки ахбори вобаста ба сӯфиҳоро пушиш медиҳад, дар рӯзҳои ахир гузориш додаанд, ки 10 зани дарвеши зиндонӣ дар маҳбаси Қарчақ дар эътироз ба "латукӯб" ва "хушунати созмонёфта" аз сӯи кормандони зиндон, аз рӯзи ҷумъаи 15-уми июн гуруснанишинӣ кардаанд. Аммо масъулон маҳаллӣ ин гузоришҳоро радд кардаанд.
Силсилаи Неъматуллоҳ Султон Алишоҳи Гунободӣ, ки пайравони он маъмулан бо номи "дарвешҳои гунободӣ"с шинохта мешаванд, яке аз силсилаҳои сӯфӣ аст, ки дар усул ва фуруъ ба мазҳаби шиа, бовар доранд. Бо вуҷуди ин, бархе аз эътиқодҳои вижаи пайравони ин оин боис шудааст, то дар солҳои гузашта Ҷумҳурии исломӣ ба шиддат онҳоро саркӯб кунад.