Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайхи Саудӣ дар Узбекистон беш аз $2 млрд сармоягузорӣ мекунад


Як шайхи Саудӣ гуфтааст, ки дар Узбекистон беш аз ду миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Шайх Аҷлан Муҳаммад Абдулазиз ният дорад, дар вилоятҳои Бухорову Самарқанд ва Андиҷон корхонаи коркарди пахта бисозад.

“Мо аллакай бо ҳамкорони узбек корро сар кардем. Фикр мекунам, ки ин ҳамкорӣ даромади хубе хоҳад дод”, - афзудааст шайхи Саудӣ, ки молики ширкати Ajlan & Brothers Group аст.

Ин шайхи Саудӣ гуфтааст, ҳамчунин, алоқаманди рушди сайёҳӣ дар Узбекистон аст ва интизор меравад дар Бухорову Андиҷон ва Тошканд меҳмонхонаҳои панҷситорадор бисозад.

Ajlan & Brothers Group ба истеҳсоли матоъ ва либос машғул аст. Ин ширкат тиҷораташро асосан дар Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳиди Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Яман, Сурия, Урдун ва Либияву Мисир ба роҳ монда, дар ин кишварҳои Ховари Миёна 45 намояндагӣ ва беш аз 200 нуқтаи савдо дорад.

XS
SM
MD
LG