Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср-Уругвай: 0:1


Бозии ҷуфти дуюм дар гурӯҳи А миёни тимҳои мунтахаби Миср ва Уругвай бо ғалабаи уругваиҳо ба анҷом расид. Голи ягонаро дар охири бозӣ дар дақиқаи 89-ум ҳимоятгари тими милии Уругвай Хосе Мария Хименес де Варгас ба ҳадаф расонд.

Ҳаводорони дастаи милии Миср то садо додани ҳуштаки довар интизори ба майдон баромадани ситораи футболи Миср, Муҳаммад Салоҳ буданд. Вале дар миёни се бозигаре, ки мураббии ин даста дар рафти сабқат ба майдон баровард, Салоҳ набуд. Салоҳ дар бозии аз ин пеш лат хӯрда буд.

Ҳамин тариқ баъди анҷоми бозиҳои даври аввали гурӯҳӣ дар гурӯҳи А Русия бо Уругвай мутаносибан дар ҷойҳои аввал ва дуюм қарор гирифтанд. Миср ва Арабистони Саудӣ ҳанӯз имтиёз ба даст наовардаанд, вале аз лиҳози тафовути голҳои сардодаашон Миср - ҷойи сеюм ва Арабистони Саудӣ мақоми чаҳорумро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG