Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия-Арабистони Саудӣ: 5:0 АКС


Александр Головин, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Русия дар дақиқаи 94-уми бозӣ зарбаи ҷаримавиро ба ҳадаф расонд ва ҳисоби бозиро бо ҳисоби 5:0 ба нафъи кишвараш тағйир дод.

Ин бозии нахустин дар чаҳорчӯби Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол 2018 аст, ки миёни Русия ва Арабистони Саудӣ мегузарад.

Денис Черишев дар дақиқаи иловагии 91-ум голи чорумро ба дарвозаи Арабистони Саудӣ зад.

Дар дақиқаи 71-ум голи севвумро ба дарвозаи саудиҳо Артём Дзюба зад. Дзюба дар ҳоле тавонист голро ба ҳадаф расонад, ки тоза ба майдон баромада буд ва Фёдор Смоловро иваз кард. Дзюба дар клуби "Арсенал"-и Тула бозӣ мекунад.

Ӯ ҳамлагари марказии мунтахаби Русия аст.

Дар дақиқаи 43-ми қисми аввали бозӣ Денис Черишев голи дуввум ва голи аввалро дар дақиқаи 12-ум Юрий Газинский заданд. Черишев бозигари дастаи "Вилярреал"-и Испания дар ҳайати мунтахаби Русия бозӣ мекунад. Черишев баъди он ба майдон баромад, ки ҳамлагари Русия Алан Дзагоев ҷароҳат бардошт ва майдонро тарк кард.

Аввалин голро нимҳимоятгари мунтахабаи Русия Юрий Газинский ба дарвозаи мунтахаби Арабистони Саъудӣ зад. Голи Газинский бо партоби Александр Головин муяссар гашт. Юрий Газинский бозигари дастаи Краснодари Русия ва Головин бозигари ССКА Москав ҳастанд.

Ёдовар мешавем нахустин сабқати ҷомаи ҷаҳони футбол миёни мутахабҳои Русия ва Арабистони Саъудӣ дар варзишгоҳи Лужникии Маскав идома дорад.

XS
SM
MD
LG