Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯҳфа"-и порлумон ба Рӯзи блогнависон


Моддаи 179 дар Қонуни ҷазо “тӯҳфа аст”. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн тағйирот ба моддаи 179-и Қонуни ҷиноии кишварро тасвиб кард. Ба ин банди қонун, ки “терроризм” ном дорад, мафҳуми “интернет” ворид карда шуд.

Ҳамакнун муаллифони ҳамагуна “лайкҳо”, “репостҳо”, “шарҳҳо”, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ё мухолиф рабте дошта бошанду мақомот онҳоро террористиву ифротгаро арзёбӣ кунанд, метавонанд ба мӯҳлати аз 10 то ба 15 сол ба зиндон маҳкум шаванд. Ин тасмим дар остонаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии блогнависон, ки ҳамасола дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон рӯзи 14-уми июн қайд мешавад, мояи нигаронии намояндагони ҷомеаи блогнависони тоҷик шуд.

Миёни сензура ва хомӯшӣ

Бо эҳтимоли зиёд ҳамакнун арсаи чандон рушднокардаи блогнависӣ ҳам дар Тоҷикистон метавонад комилан аз байн рафта, ба кӯчаҳои борику “амне” назири интишорот дар бораи ширинипазиву, латифагӯӣ ва варзиш, интиқол ёбад.

Рӯзи блогнависҳо ҳамасола 14-уми июн таҷлил мешавад. Дар соли 2004 аз 30 кишвари ҷаҳон ҳудуди 500 блогнавис гирдиҳам омада, тасмим гирифтанд, рӯзеро интихоб кунанд, ки ҳамаи блогнависон тавонанд дар он рӯз ҷашни касбиашонро таҷлил кунанд.

Бархе блогнависони тоҷик мегӯянд, ки аз ҳоло муаллифони назарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳамрадифи блогнависон мебошанд, бояд дар изҳори назари худ эҳтиёткор бошанд. Ҳамзамон раҳбарони гурӯҳҳои интернетӣ низ вазифадоранд навиштаҳои аъзои худро аз ғалбер гузаронанд.

Ҳанӯз мавқеи созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ба шадид шудани муҷозот барои «терроризм» дар интернет дар қонунҳои Тоҷикистон маълум нест, вале блогнависон бовар доранд, ки ин қадаме дигар ба самти маҳдуд кардани озодии баён дар кишвар мебошад.

Марзҳои ноаёни ин жанри интернетӣ

Ҳоло бошад метавон иддао кард, ки блогнависӣ дар замони мо ба як зуҳуроте табдил ёфтааст, ки мафҳумаш бисёр норӯшан боқӣ мемонад. Қаблан блогнавис нафаре дониста мешуд, ки рӯзномаи зиндагиашро ба таври электронӣ таҳия мекунаду пайваста мушоҳидаҳояшро ёддошт мекард. Маъмулан, блогнависҳо як мавзӯъро пайгирӣ мекунанд, вале нафароне низ буданд, ки ба мавзӯҳои мухталиф рӯй меоваранд.

Бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, назири “Фейсбук”, “В контакте”, Одноклассники”, корбароне, ки муштарии зиёд доранд, низ худро блогнавис меномидагӣ шуданд. Онҳо метавонанд худ чизе иншо накарда, аз сомонаву расонаҳои дигар ва корбарони фаъол замимаи чопи онҳоро дар сафҳаи худ ҷой диҳанд. Аммо вуҷуди чунин корбарӣ онҳоро ҳамрадифи блогнависҳои классикӣ месозад. Ҳарчанд, “блогнависҳои классикӣ” онҳоро ҳаргиз худӣ намедонанд.

Камбуди бахши тоҷикӣ дар БЛОГистон

“Ман барои изҳори назар блоги худро таъсис додам, зеро баъд аз пайдо кардани иттилоъ дар бораи блогнависӣ, шавқам ба ин кор зиёд шуд. Фикр мекунам, ин кор шароити аз ҳама соддаву қулай барои изҳори назари шахсӣ барои мардум мебошад. Агар хоҳӣ, ки тавассути ВАО назаратро баён кунӣ, бояд бо раҳбарияти расона ҳамоҳанг куниву ризоияти онҳоро бигирӣ. Дар ин сурат ҳатман касе болои сарат меистаду туро ислоҳ мекунад. Дар блог бошад худат ҳам муаллиф ҳастӣ ва ҳам муҳаррир”,- мегӯяд муассиси шабакаи “Блогистон” Рустам Гулов.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Вай бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон миқдори блогҳо ба забони давлатӣ хеле кам аст. “Корбароне, ки дар блогҳо ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони тоҷикӣ менависанд, кофӣ нест”, - гуфт вай.

Шумори бе ин ҳама начандон зиёд ҷамъияти блогнависон дар Тоҷикистон муътақиданд, ки фаъолияти онҳо барои рушди ҷомеа зарур аст.

“Тавассути арзёбии эҳсосоти шахсӣ, таҷриба ва мушоҳидаҳо ман талош мекунам таваҷҷӯҳи корбаронро ба масоиле ҷалб кунам, ки барои бисёриҳо хеле муҳим мебошад. Муҳим нест, ки ту чӣ гуна менависӣ, муҳим ин аст, ки ту дарди дили бисёриҳо ваё мушкилеро матраҳ мекунӣ, ки бисёриҳоро ба ташвиш меоварад”, -мегӯяд яке аз блогнависон.

“Блогнавис шахсият аст, вале ин шахсият дорои мавқеи иҷтимоӣ ё шаҳрвандӣ мебошад, ки ба мушкилоти ҷаҳони муосир бетафовут нест. Ба муаллифи блог навиштану нашри фикри шахсиаш дар интернет роҳаттару соддатар мебошад ва ин нерӯи ҳарфҳояшро афзун мекунад”,- мегӯяд як блогнависи дигар. “Аммо ҳатто блогнависони боҷуръат дар Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ нороҳатиеро эҳсос мекунанд, зеро фазои изҳори назари онҳо ҳарчӣ бештар маҳдуд мешавад”.

Зодаи Тоҷикистон Бахтиёр Исҳоқов, муаллифи фаъоли навиштаҳо дар бораи ҷаҳонгардӣ аз Қазоқистон низ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо камбуди блогнависҳо эҳсос мешавад.

“Барои пешбурди тиҷорат блогнависҳо даркоранд. Беш аз як сол мешавад, ки дар Тоҷикистон мехоҳам блогнависи ҳирфаии соҳавиро пайдо кунам. Аммо, нест чунин нафаре, ҳарчанд гӯё “дар ҳама ҷо онҳо зиёданд”, - бо таассуф мегӯяд вай.

"Дар Қазоқистон корбари камсобиқаи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ба унвони блогнавис муаррифӣ мекунад. “Пешсафони-Опинион” бо фаъолияти худ аз блогнависҳои анъанавӣ пеш гузаштаанд. Ба ин далел, блогнависҳои ҳирфаӣ аз онҳо ранҷида ва миёни онҳо амалҳои норӯшане сурат мегирад. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон низ вазъ чунин аст”, - гуфт Бахтиёр Исҳоқов.

Ситораҳои Youtube беҳисобанд

Youtube шабакаи иҷтимоии дигари пуртарафдорест, ки аз ҷониби блогнависони тоҷик фаровон истифода мешавад. Вале бештари вақт аз ин шабака онҳое истифода мекунанд, ки паёмҳои сабук ва тафреҳиву варзишӣ доранд.

Дар ин бахш муаллифони воқеӣ бештар ҳастанд, ки пайваста маҳсули эҷоди худро нашр мекунанд ва мушкили миллии корбарон чандон эҳсос намешавад. Вале блогнависҳои маҳаллӣ асосан аз овозхонҳои ҷавону хоҳишмандони репсароӣ, “равоншиносони” муносибатҳои ҳамарӯза ва коргардонҳои тасвирҳои видеоӣ иборат мебошад.

Мастер Исмайл.
Мастер Исмайл.

Чеҳраҳои аз ҳама саршиноси бахши тоҷикии youtube-блогнависҳо Мадина Басаева (бонуи тақлидкори овозхонии сурудаҳои машҳур), овозхонҳо Шабнами Сурайё, Мастер Исмайл ва ғайра мебошанд.

Дар миёни артиши бузурги ситораҳои камшиноси санъати суханронии ютуби тоҷикӣ касеро муаррифӣ кардан душвор аст. Аммо дар гурӯҳҳои худ онҳо саршиносанд ва даҳҳо ҳазор муштарӣ доранд...

"Инстаграмм" берун аз шубҳаҳост

"Инстаграм" ба далели вижагиаш дар паҳн кардани иттилоъ дар миёни шабакаҳои блогнависон мавқеи хос дорад. Ин шабакаи иҷтимоӣ ҳатто боре ҳам дар миёни шабакаҳое қарор надошт, ки дар кишвар дастрасӣ ба он маҳдуд шуда бошад. Ин шабакаро "ашрофзода" ё ҳатто "занона" ном мебаранд.

Дар ин шабака воқеан бонувон зиёд ҳастанд ва маъмулан онҳо ба унвони блог акси чеҳраву ҷисми худро ба намоиш мегузоранд. Фурӯшгоҳҳои либосу атриёт низ дар миёни корбарони ин шабака андак нест.

Блогнависҳои бузурги ин шабака ситораҳои эстрада, бонувони машҳур ва соҳибони ширкатҳои ҷаҳонгардӣ дониста мешаванд. Зимнан, маҳз дар "Инстаграмм" бештаре аз корбарон қабл аз мӯҳлат таҷлил аз Рӯзи блогнависҳоро шурӯъ карданд. Якдигарро шодбош мегӯянду иқдомҳои таҷлилиро роҳандозӣ мекунанд.

"Инстаграмм" зоҳиран як шабакаи берун аз сиёсат арзёбӣ мешавад ва миёни мақомдорон ба чӣ сабабе бошад шӯҳрат дорад. Дар ин шабака ҳатто Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ сабти ном шудаанд.

Ёдовар мешавем, Рӯзи блогнависҳо ҳамасола 14-уми июн таҷлил мешавад. Бори нахуст дар соли 2004 аз 30 кишвари ҷаҳон ҳудуди 500 блогнавис гирдиҳам омада, тасмим гирифтанд, рӯзеро интихоб кунанд, ки ҳамаи блогнависон тавонанд дар он рӯз ҷашни касбиашонро таҷлил кунанд.

XS
SM
MD
LG